Пеш аз сафар худро санҷед!

Февраль 27, 2014 10:21

 Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба диққати тамоми шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки пеш аз сафар ба Русия ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намуда, қабл аз харидани чиптаи ҳавопаймо худро бо низоми «Он-лайн» — и ФМС ва Хадамоти федеролии амнияти Русия дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон санҷанд, зеро қӯшунҳои сарҳадии Федератсияи Русия  низ шахсони вурудашон манъшударо аз фурудгоҳҳои Русия бозпас мегардонанд. Ин рӯйхат дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолии ҶТ мавҷуд буда, дар низоми «Он-лайн»-и ФМС танҳо рӯйхати депортшудагон вуҷуд дорад. 
Хотиррасон мекунем, ки аз оғози соли 2015 шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд ба Федератсияи Русия сафар намоянд.
 Тавре ки сухангӯи хадамот Абдуллои Қодирӣ хабар дод,  тибқи суханони бархе аз муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Тоҷикистон муносибати ҷавонони миллатгаро торафт авҷ гирифта, ҳисси бадбинии онҳо нисбат ба шаҳрвандони Осиёи Марказӣ бештар гардидааст. 
Аз ин рӯ, хадамот аз тамоми шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатии кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ба кор рафтан ва баргаштан бо корфармоён ва шахсоне, ки муҳоҷиронро бо кор таъмин мекунанд эҳтиёт бошанд. 
Дар сурати мушоҳида намудани поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирон аз сӯи корфармоён ва миёнаравону қаллобон дар бозори меҳнати Федератсияи Русия ба телефони боварии (+992 37) 225-07-19 дар шаҳри Душанбе ва Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар ФР (+992 44) 640-19-51 занг зананд.

Февраль 27, 2014 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад