Таваҷҷуҳи Р. Раҳимов ба ҳолати беҳдоштӣ

Февраль 27, 2014 08:52

Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов аз Маркази таълимии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва баталйони 1-уми таъйиноти махсуси қисми ҳарбии 5453 Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД дидан карда, бо фаъолияти хизматии онҳо аз наздик ошноӣ пайдо кард.
Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар ҷараёни сафар мавсуф оид ба таъмирталаб будани маркази тадқиқотӣ ва ошхона таъкид намуда, баҳри таъмир намудани онҳо раёсатҳои дахлдорро вазифадор сохт.
Вазири корҳои дохилӣ ба баталйони 1-уми таъйиноти махсуси қисми низомии 5453-и Қӯшунҳои дохилии ВКД омада,  зимни боздид бо афсарону сарбозони қисми мазкур ҳамсуҳбат шуд ва ба ҳолати санитариву беҳдоштии сарбозон таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Ҳамзамон барои обутоби ҷисмонии сарбозон ва сохтани боз ду толори варзишӣ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳо дод.
Дар ин вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ баҳри ободонию сарсабз гардонидани атрофи қисми низомӣ тавсия дод, ки маъракаи ниҳолшинониро хуб ба роҳ монда, ба муҳити атроф  зебоии бештареро зам намоянд.
 

Февраль 27, 2014 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд