11 дипломати хориҷӣ дар бораи Тоҷикистон

Март 7, 2014 12:01

Душанбе, 07.03.2014. (АМИТ “Ховар”).- 6-уми марти соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони тозатаъйини 11 кишвари ҷаҳон эътимоднома қабул кард.   Сафирон пас супоридани эътимодномаи худ ба Сарвари давлат андешаҳои худро дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма ба таври зер баён доштанд:Сафири фавқулода ва мухтори Туркманистон Ишанкулӣ Аманлиев:“Бароям боиси ифтихор аст, ки минбаъд ҳамчун намояндаи Туркманистон дар кишвари бароямон дӯсту бародар Тоҷикистон фаъолият хоҳам кард. Тавре ки маълум аст, Тоҷикистону Туркманистонро равобити хубу гуногунарса бо ҳам мепайвандад. Ман ба сифати сафири Туркманистон дар Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои миёни кишварҳоямон талош хоҳам кард”. Сафири фавқулода ва мухтори Давлати Фаластин Муҳаммад Абдулло Таршаҳанӣ:“Навакак ман эътимодномаи худро ба сифати сафири фавқулода ва мухтори Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон супоридам. Барои ман ин мояи шараф буд ва ман талош хоҳам кард, то муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар дар ҳамаи бахшҳо равнақ дода шаванд. Ҷониби Фаластин барои густариши ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд мебошад”. Сафири фавқулода ва мухтори Гурҷистон Константин Жгенти:“Хеле хушҳолам, ки минбаъд ба ҳайси сафири фавқулода ва мухтори Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа хаҳам кард. Боварӣ дорам, ки барои таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Гурҷистону Тоҷикистон имкониятҳои зиёде мавҷуданд, ки минбаъд аз он истифода хоҳем кард. Ҷониби Гурҷистон нисбат ба лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон хушбин аст ва минбаъд низ густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ аз самтҳои асосии муносибатҳои ду ҷониб боқӣ хоҳад монд. Инчунин Гурҷистон хоҳони таҳкими равобит бо Тоҷикистон дар бахшҳои иҷтимою гуманитарӣ ва фарҳангӣ мебошад”. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Сербия Славенко Терзич“Шарафмандам, ки кишвари худро дар ин мамлакати зебо намояндагӣ мекунам. Дар кишварҳои мо на танҳо барои рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, балки ҷихати таҳкими равобити иқтисодиву фарҳангӣ ва варзишии ду кишвар имкониятҳои зиёд ҷой доранд. Умедворам, ки дар солҳои минбаъда ҳамкориҳои мо боз ҳам равнақ хоҳанд. Ман рисолати худро иҷро хоҳам кард. Аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон ҳастам. Ба ман хеле писанд омад. Қаблан ҳатто тасаввур намекардам, ки Тоҷикистон ба ин андоза кишвари зебост”. Сафири фавқулода ва мухтори Куба-Карлос Энрике Валдес Де Ла Консепсион:“Аз номи халқи Куба ба мардуми тоҷик саломи самимӣ мерасонам. Бароям боиси ифтихор буд, ки имрӯз эътимодномаи худро ба инсоне чун Эмомалӣ Раҳмон — дӯсти ҳақиқии Куба тақдим намоям. Мо миннатдории худро ба давлати Тоҷикистон барои ҳимоят аз манофеи Куба дар доираи СММ мерасонем. Ин барои мо хеле муҳим аст. Ба мардуми тоҷик комёбӣ таманно дорам”. Сафири фавқулода ва мухтори Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл Матар Саид ал-Катбӣ:“Имрӯз Амороти Муттаҳидаи Араб бо Тоҷикистон муносибатҳои хуби сиёсӣ дорад. Доираи васеи соҳибкорони АМА ва якчанд ширкати аморотӣ дар Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Инчунин доираҳои иқтисодии Тоҷикистон дар АМА фаъолият доранд. Ман талош хоҳам кард, то дар фурсатҳои минбаъда ба муносибатҳои дуҷонибаи миёни ду кишвар тақвияти бештар бахшам. Ба мардуми тоҷик барои меҳмоннавозии самимӣ изҳори ташаккур мекунам”. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Судон Муҳаммад Илёс Муҳаммад ал-Ҳаҷ:“Бароям мояи шараф ва ифтихор буд, ки эътимодномаи худро ба ҳайси сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Судон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супоридам. Дарвоқеъ, имрӯз Судону Тоҷикистон муносибатҳои ҳасана ва зичи сиёсӣ доранд. Имкониятҳои фарохе фароҳам омадааст, то равобити дуҷонибаро ба сатҳ ва сифати нав расонем, зеро барои иҷрои ин ҳадаф роҳбарони кишварҳои мо иродаи қавӣ ва азми самимӣ доранд”. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея Ли Ук-Хен:“Муносибатҳои дуҷониба миёни Корея ва Тоҷикистон пайваста инкишоф меёбанд. Аз лаҳзаи истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар, аз соли 1992 инҷониб, инчунин бо ифтитоҳи сафорати Ҷумҳурии Корея дар Душанбе муносибатҳои ду кишвар сатҳу сифати нав касб карданд. Ман ҷаҳд хоҳам кард, то ҷиҳати рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар саҳм гузорам. Президенти тозаинтихоби Корея ҷиҳати ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса дорад. Ман ба дурнамои неки муносибатҳои Тоҷикистону Корея хушбин ҳастам”. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Словакия Павол Иван:“Ҳадафи асосии фаъолияти ман дар Тоҷикистон густаришу тавсеаи равобити дӯстонаи миёни ду кишвар дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ хоҳад буд. Умедворам, ки барои расидан ба ин ҳадаф мо аз имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳем кард. Ҷумҳурии Словакия яке аз 27 узви Иттиҳоди Аврупо мебошад ва дар ин замина мо аз амалисозии лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҳимоят хоҳем кард. Хушҳолам, ки кишварҳои мо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва САҲА ҳамкориҳои хубе доранд ва моилем, ки ин ҳамкориҳо минбаъд низ рушд дода шаванд”. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Абдусаттор ал-Бадрӣ:“Дар баробари он ки Ҷумҳурии Мисри Араб ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои қабл муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои зич доштанд ва имрӯз бори дигар ҳавасмандӣ ҷиҳати таҳкиму тавсеаи он аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд. Кишварҳои мо имкон доранд, то дар оянда низ ҳамкориҳои худро дар арсаҳои гуногун рушду таҳким бахшанд. Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз шарикони муҳим ва стратегии Ҷумҳурии Мисри Араб боқӣ хоҳад монд”. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Кипр Георгиос Касулидис:“Шарафмандам, ки имрӯз дар Тоҷикистн ҳузур дорам. Тоҷикистону Кипр дорои муштаракоти таърихӣ мебошанд. Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил ва саёҳат ба Кипр сафар мекунанд. Метавонам таъкид кунам, ки имрӯз шароити беҳтаре барои инкишофи бештари муносибатҳо дар соҳаҳои мухталиф ба миён омадаанд ва мо метавонем аз он истифода кунем. Мо метавонем барои равнақи равобити мутақобилан судманд дар бахшҳои мавриди эҳтимом табодули таҷриба бикунем”.

Март 7, 2014 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПИРӢ ФАРО РАСИДААСТ, ЧӢ БОЯД КАРД?». Таҳти чунин унвон китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
РОҲСОЗӢ-КОРИ ХАЙР. Сокинони ноҳияи Спитамен маблағи барои ҳаҷ ҷамъовардаашонро дар мумфаршкунии роҳҳо сарф карданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 28-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ҳизбии «Ободкор» ва «Шири Ватан» таъсис дода шуданд
Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи парламентӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баргузор гардид
Агар барқ хомӯш шуд – мо вориди интернет мешавем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ЧИЛ РӮЗИ ҲАЁТИ КӮДАКОН». Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоишҳо доир мегарданд
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони ин маҳфил-озмун доир гардид