«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони ин маҳфил-озмун доир гардид

Май 26, 2024 16:40

ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони маҳфил – озмуни «Тоҷикистони ман!», ки дар доираи чорабиниҳои ҷашнии Соли маърифати ҳуқуқӣ» гузаронида шуд, баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.

Нахуст Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Сипас ба 18 ғолиби маҳфил – озмуни «Тоҷикистони ман!» Диплом ва ҷоиза тақдим карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар даври аввали маҳфил – озмуни «Тоҷикистони ман!» зиёда аз 746 нафар ва дар даври дуюм 87 нафар иштирок намуд.

Боиси тазаккур аст, ки мақсади гузаронидани ин маҳфил-озмун таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ миёни ҷавонон ва наврасон, талқини онҳо барои озодона сухан гуфтан бо забони ноби адабии тоҷикӣ, муаррифии Тоҷикистони азиз ба ҷаҳониён ҳамчун халқи дорои таърихи қадимӣ мебошад.

Озмун байни хонандагони синфҳои 10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу литсейҳои шаҳри Ҳисор баргузор карда шуд. Дар ин замина тибқи талаботи Низомномаи маҳфил-озмун базми ғазал таҳти унвони «Тоҷикистони ман!» доир шуд.

Даври аввали озмун аз 18 апрел то 13 майи соли 2024 дар муассисаҳои таълимӣ баргузор шуда, 87 нафар ғолиб барои иштирок дар даври дуюм ба Кумитаи тадорукот роҳхат гирифт.

14 май дар толори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳр даври ниҳоии озмун баргузор карда шуда, 87 ғолиби даври якуми озмун иштирок намуданд.

Иштирокчиёни озмун тибқи талаботи низомнома, дар назди ҳайати ҳакамон баромад намуда, дар асоси ҷавдал аз ҷониби комиссия ба ҳозирҷавобии довталабон, маълумоти мухтасар дар бораи асар ва тарзи қироати ғазал аз осори шоирони классикии форсу тоҷик баҳо гузошта шуд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор

Май 26, 2024 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад