Оё калонсолонро бозомӯзонида мешавад?

Март 4, 2014 09:12

Душанбе, 04..2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Марҳилаи муосири пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон, ки бо рушди демократия ва роҳандозии механизмҳои иқтисоди бозоргонӣ дар ҳаёт арзёбӣ мешавад, дар назди давлат ва ҷомеа ба ҳайси афзалияти аввалиндараҷа ҷиҳати таъмини рушди усутвори ин дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ пеш гузошта шуд. Бо гузаштани Тоҷикистон ба роҳи рушди бозаргонӣ, ногузир тағйири сохторҳои бозори меҳнат бо пайдоиши бекорӣ, ки хусусияти хоси иқтисоди бозаргонӣ мебошад, оғоз гардид.
Дар ҳамин радиф бозори муосири меҳнат ва пешрафти бемайлони технологияҳои истеҳсолӣ сатҳи мувофиқи тахассуси касбиро тақозо менамояд, ки он дар навбати худ зарурати мунтазам тағйир додани ихтисосро дар давоми ҳаёт пеш меорад.
Бо назардошти ин нишондиҳандаҳо, ки ифодагари сифати захираҳои меҳнатии кишвар мебошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии вазъи номусоид дар бозори меҳнат ва умуман соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ин мувофиқ набудани сифати захираҳои меҳнатӣ ба талаботи бозори меҳнат мебошад».
Ба ибораи дигар, раванди таъмини шуғли босамар ба ҳайси яке аз омилҳои калидӣ дар танзими бозори меҳнат ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ба сатҳи омодагии касбии захираҳои меҳнатӣ қаробати зич дорад.
Дар ин росто таълими касбии калонсолон дар Тоҷикистон ҳамчун механизми мутобиқсозии қувваҳои корӣ ба талаботи бозори меҳнат нақши муҳим дорад. Аз ин хотир, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» таъсис дода шуд.
Фаъолияти марказ аз таҳияи стандартҳои касбӣ ва ташкили шабакаи марказҳои баҳодиҳии тахассус ва шаҳодатномакунӣ,  рушд ва такмили таълими модулӣ, таъмини мутобиқати таълими касбии калонсолон ба бозори меҳнати дохилию хориҷӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва иқтидори кадрии системаи таълими калонсолон,   таълими хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар марҳилаи ибтидоии пешравии касбии онҳо,  таълими занон, ки барои ноилшавии баробари байни мардон ва занон равона шудааст, иборат мебошад.    
Дар марказ, аз ҷумла  такмили омодагии касбӣ, бозомўзӣ ва такмили тахассусии кадрҳои муҳандисию омўзгории соҳаи таълими калонсолон, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, таълимию методӣ ва таълимию истеҳсолии низоми таълими калонсолон, тайёрии касбӣ пеш аз муҳоҷирати меҳнатӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва роҳандозии омўзиши забон, қонунгузории соҳаи меҳнат, таърих, фарҳанг ва қоидаҳои будубоши давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ омӯзонида мешавад. 
Феълан дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» шаҳрвандони бекор, корҷўён ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз рўи 42 намуд касбу ихтисос ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомўзӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта мешаванд. Муҳлати таҳсил дар марказ аз 2 то 3 моҳ мебошад.
Дар марказ ва филиалҳои он шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатии эҳтимолӣ ва дигар табақаҳои аҳолӣ забонҳои англисӣ, олмонӣ ва русиро меомўзанд, инчунин ихтисосҳои ҳисобчии 1 С, кафшергари газу барқ, ошпаз, харрот, дўзандаи либосҳои занона, асалпарвар, боғпарвар, барқчӣ, асосҳои компютер, назоратчии барқ, пешхизмат, сантехник, сохтмончӣ, қаннод, маъмури меҳмонхона, котиба- коргузор, сартарош, рўзгордорӣ, ташхису таъмири мошин, хизматрасонии иҷтимоӣ, устои бомпўш, чўбтарош ва ғайраро аз худ менамоянд. Ҳамчунин барои равнақу ривоҷи корҳои хонагӣ, ҳиссагузорӣ дар паст намудани камбизоатӣ миёни занону духтарони деҳот ва рушду эҳёӣ касбҳои қадимаи миллӣ  дар баъзе ноҳияҳои дурдасти кишвар омўзиши касбҳои қуроқдўзӣ, кандакорӣ, чармгарӣ, гилему ҷӯроббофӣ ба роҳ монда шудааст.
Таҳсил дар марказ ба таври ройгон ва худмаблағгузорӣ амалӣ гашта, муҳассилин дар таълимгоҳҳои ба таври муосир ҷиҳозонидашуда ба таҳсил ва таҷрибаомўзӣ фаро гирифта мешаванд.
Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва дигар марказҳои таълимии касбии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  барои қабули касбомўзони хоҳишманд ҳамеша омода аст.
 
 
 

Март 4, 2014 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи онлайнии комиссияи Озмуни байналмилалии тарҷумонҳои ҷавон доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ПИРӢ ФАРО РАСИДААСТ, ЧӢ БОЯД КАРД?». Таҳти чунин унвон китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
РОҲСОЗӢ-КОРИ ХАЙР. Сокинони ноҳияи Спитамен маблағи барои ҳаҷ ҷамъовардаашонро дар мумфаршкунии роҳҳо сарф карданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 28-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ҳизбии «Ободкор» ва «Шири Ватан» таъсис дода шуданд
Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи парламентӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баргузор гардид
Агар барқ хомӯш шуд – мо вориди интернет мешавем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад