Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии об дар Токио
Душанбе, 28.03.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имсол чорабиниҳои расмӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии об 20-21 март дар шаҳри Токиои Ҷопон таҳти васояти Донишгоҳи СММ ва Созмони рушди саноати СММ (UNIDO) баргузор гардиданд, ки дар онҳо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ширкат варзид.Ҳадафи аслии таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии об- ин мусоидат ба дарки бештари аҳамияти қазияи об дар ҷаҳони имрӯз ва зарурати истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳамчунин тарғиб ва ташвиқи табақаҳои мухталифи ҷомеа ба ҳифзу барқарорсозии захираҳои обӣ маҳсуб мешавад.Чорабиниҳои Рӯзи умумиҷаҳонии об бо паёми видеоии Дабири кулли СММ Пан Ги Мун оғоз ёфта, бо муаррифии Гузориши СММ оид ба рушди захираҳои обӣ дар ҷаҳон идома ёфтанд. Гузориши мазкур бо шикрати 31 муассисаи тахассусии низоми СММ ва созмонҳои байналмилалии шарик омода шуда, ҳамбастагии обу нерӯро дар миқёси ҷаҳон ҷиҳати таъмини рушди устувор мавриди баррасӣ қарор додааст. Муаллифони гузориш об ва неруро ду омили калидии рушди устувор дар давраи пас аз соли 2015 номида, назари навро ба пайванди обу неру ва ҳамкории зичу ҳамаҷонибаро дар ҳалли масоили обу неру зарур шумориданд.Дар доираи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии об ҳамчунин иҷлосияи сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамбастагии обу неру ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор” бо ширкат ва суханронии валиаҳди императори Ҷопон Наруҳито баргузор гардид. Дар мубоҳисаҳо зимни ин иҷлосия муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи усулии кишварро доир ба рушди гидроэнергетика, ки ба сиёсати ҷаҳонии истифодаи манбаъҳои таҷдидпазири неру мутобиқати комил дорад, таъкид намуда, ҳамкорӣ, эътимоди мутақобил ва эҳтироми манфиатҳои ҷонибҳоро аз аслҳои муҳимтарин дар ҳалли масъалаҳои обу неру ба шумор овард.Дар хотимаи Рӯзи умумиҷаҳонии об намояндагони Ҷумҳурии Корея доир ба омодагӣ ба Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об, ки моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Корея баргузор мешавад, ҳамчунин намояндагони Шветсия доир ба омодагӣ ба «Ҳафтаи ҷаҳонии об», ки моҳи августи соли 2014 дар шаҳри Стокголм доир мешавад, маълумот доданд ва ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро барои ширкат дар ин чорабиниҳои муҳим даъват намуданд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






