Баррасии омодагии ҷангӣ ва ташкили машқҳои низомӣ
Душанбе, 14.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи машваратӣ доир гардид, ки мавзӯъҳои муҳими вобаста ба машғулиятҳои омӯзишӣ, истифодаи дурусти техникаҳои ҳарбӣ ва омодабошии баланди ҷангиро фарогир буд.
Дар он муовини вазири мудофиа, фармондеҳи Қӯшунҳои зудамал ва командирони қисму воҳидҳои ҳарбии зертобеи ин навъи қӯшун иштирок доштанд. Масъулин зимни баргузории ҷаласа масоили омодагии ҷангӣ, баромадҳои саҳроӣ, ташкили машқҳои васеи низомӣ, ҳолати истифодаию нигоҳдории техникаҳои ҳарбиро баррасӣ намуда, таъкид намуданд, ки ин ҳама ба масоили баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар мусоидат менамояд. Бинобар ин, муҳимияти омӯзиши чунин мавзӯъҳо барои ҳайати шахсии взводу ротаҳо ва фармондеҳони қисму воҳидҳои низомӣ зарур мебошад.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати мудофиа, дар ҷараёни ҷаласа масъулини Вазорати дифои мамлакат ва масъулини Қӯшунҳои зудамал масоили мубрами рӯзро дар самти фаъолияти қисму воҳидҳои ҳарбӣ, пеш аз ҳама, маъракаи гусели шаҳрвандон ва қабули наваскарон дар даъвати баҳории соли равон баррасӣ намуда, дар ин замина фаъолияти командирони қисмҳои ҳарбиро низ дар давоми се моҳи фаъолияти соли 2014 натиҷагирӣ намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






