Даври иловагии бақайдгирӣ дар ММТ

Апрель 16, 2014 10:10

Душанбе, 16.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Давраи бақайдгирии иловагӣ аз 16 то 30 апрели соли 2014 барои довталабоне, ки дар давраи асосии бақайдгирӣ аз қайд гузашта буданд, муайян карда шудааст.
Ба иттилои Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурӣ дар ин муҳлат довталабон метавонанд номгӯи ихтисосҳои интихобшуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шакл, намуд, забони таҳсил ва дигар маълумоти шахсии худро бо пардохти маблағ дар  филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ба андозаи 14,00 (чордаҳ) сомонӣ иваз намоянд. Бақайдгирии иловагии довталаб танҳо дар нуқтаи бақайдгирие, ки ӯ қаблан дар он сабти ном шудааст, ба роҳ монда мешавад.
Аз маблағи муқарраргардида танҳо довталабоне, ки падар ва модари онҳо дар қайди ҳаёт нест, озод мебошанд.

Апрель 16, 2014 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд