ММД ба ҳар нафар 1,5 баробар зиёд карда шавад
Душанбе, 23.04.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ афзуд, ки дар ҳафт соли сипаришуда Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 1.5 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 1,7 баробар афзудааст, вале дар шароити рушди босуръати иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва зарурати таъмин намудани рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар нишондиҳандаҳои мазкур моро қонеъ карда наметавонанд. Аз ин рӯ, мо бояд ба ташкили заминаҳои инкишофӣ, инкишофи босуботу дарозмуддат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоем. Аз ҷумла, бо назардошти он ки то вақти ба охир расидани муҳлати татбиқи стратегияи миллии рушд камтар аз ду сол боқӣ мондааст, зарур аст, ки дар баробари таҳлили натиҷаҳои ба даст омада, манбаъҳои таъмини пешрафти минбаъдаи иқтисодиёти кишварро муайян карда, таҳияи «Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030» оғоз намоем. Амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат имкон медиҳад, ки ҳаҷми иқтисодиёти кишвар то соли 2020 , яъне дар ҳафт соли оянда то ду баробар афзоиш ёфта, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ на камтар аз 1,5 баробар зиёд карда шавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






