Муборизаи беамон бар зидди малах

Апрель 10, 2014 10:40

Турсунзода,10.04.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Дар ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода машварати минтақавии мубориза бар зидди малах баргузор гардид. Дар ҷамъомад  мутахассисони соҳаи кишоварзӣ аз ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Шаҳринав, Шаҳритуз ва Қубодиён ширкат доштанд. Машваратро муовини раиси шаҳри Турсунзода Иброҳим Ҷамоатов оғоз кард. Дар машварат муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Ҷамила Саидова, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзӣ Усарбек Мустафоқулов, сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддин Ғаниев, сармутахассиси КВД «Мубориза бар зидди малах» дар шаҳри Турсунзода Саидалӣ Холматов роҳҳои пешгирӣ ва тарзи мубориза бар зидди малахро бо мисолҳо фаҳмониданд.
Дар қисмати амалии машварат усулҳои истифодаи маҳлулҳо, риояи техникаи бехатарӣ бо истифодаи дорупошакҳои замонавӣ фаҳмонида шуд.
 
 

Апрель 10, 2014 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад