Паём: Суннати китобдӯстӣ ба мо аз гузаштагон мерос мондааст

Апрель 18, 2014 14:01

Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Фарҳанг дар ҷомеаи башарӣ яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, бахусус ҷавонон ба ҳисоб рафта, метавонад дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши калидӣ дошта бошад. Бо назардошти ин Ҳукумати кишвар ба ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ низ беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
Солҳои охир дар ин соҳа тадбирҳои судманд амалӣ гардиданд, ки барои густариши фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат ва ҳамзамон бо ин, шиносонидани кишвари соҳибистиқлоли мо дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда доранд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз аҳли фарҳанги тоҷик чӣ дар офариниши асарҳои саҳнавӣ ва чӣ дар филмофарӣ бо ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ қадр гардида, фарҳангу ҳунари миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.
Қобили зикр аст, ки дар баробари рушди босуръати ҷаҳони имрӯза нақш ва мақоми китоб ҳамчун сарчашмаи донишу тамаддун ва таҳаввулоти фарҳангиву маънавӣ пайваста боло меравад.
Таи чанд соли охир татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ имкон дод
, ки ҳаҷми фонди китобхонаҳои мамлакат рӯ ба афзоиш ниҳода, ниёзи хонандагон дар самти дастрасӣ ба дастовардҳои асри иттилоот ҳарчи бештар қонеъ гардонида шавад.
Ин аст, ки имрӯз дар шаҳру деҳоти мамлакат беш аз 1300 китобхонаи оммавӣ ва 120 мағозаи фурӯши китоб фаъолият дошта, танҳо дар панҷ соли охир 30 китобхонаи нав ва дар соли гузашта 20 фурӯшгоҳи нави китоб мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки суннати китобдӯстӣ ва фарҳангпарварӣ, ки ба мо аз гузаштагони тамаддунсозамон ба мерос мондааст, имрӯз ҳам ба таври ибратбахш идома дорад- таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аснои ирсоли Паём ба МО ҶТ.
 

Апрель 18, 2014 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ