Таҳлили дурнамои иқтисодии АвруОсиё дар соҳили Нева

Апрель 17, 2014 11:03

          Душанбе, 17.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки раванди ҷаҳонишавӣ бо хатароти ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, хусусан хатарҳои хусусияти экологӣ, инсондӯстона ва террористидошта мувоҷеҳ аст. Аз ин рӯ дар муқобили чунин равандҳои муосир мо танҳо бо роҳи ҳамгироӣ ва фаъолгардонии тадбирҳои муштарак истодагарӣ карда метавонем». Ин матлабро имрӯз 17 апрел Шукурҷон-Зуҳуров- раиси Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни  суханронӣ дар форуми байналмилалии «Дурнамои иқтисодии АвруОсиё», ки дар донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург доир гардид, иброз дошт.
       Мавсуф афзуд, ки  дар раванди ҳамгироии ҷаҳонии асри 21  раванди ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд ва он умедвориҳои мардумони фазои пасошӯравиро барои муттаҳидӣ дар муҳити иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ инъикос мекунад. 
Зикр гардид, ки таҳқиқоти анҷомдодаи Бонки рушди АвруОсиё дар доираи арзёбии системаи шохисҳои ҳамгироии авруосиёӣ нишон дод, ки тамоюли иқтисоди кушоди Тоҷикистон ба ҳамгироии минтақавӣ  дар доираи фазои пасошӯравӣ бештар аст. Чунин ҷойгоҳи баланди  ҳавасмандии Тоҷикистон ба ҳамгироии минтақавӣ, пеш аз ҳама, ба он алоқаманд аст, ки  кишвари мо имконияти содироти маводи аввалияи гидрокарбони худ ба хориҷ ва дастрасӣ барои баромадан ба роҳҳои баҳриро надорад. Ш. Зуҳуров таъкид кард, ки Тоҷикистон ба ҳамкориҳои минтақавӣ аҳамияти махсус зоҳир менамояд ва дар фаъолиятҳои иттиҳодияҳои ҳамгироӣ ширкати фаъол меварзад. 
“Ба назари мо, дар ҳамоиши имрӯзаи байналмилалӣ, ки таҳти унвони «Дурнамои иқтисодии Авруосиё» баргузор мегардад, имконияти хуби тақвияти тадбирҳои муштарак ҷиҳати таҳкими заминаҳои асосноккунӣ мавҷуд аст, ки он асоси назарияи иқтисодии дар доираи иттиҳоди ҳамгироии фазои пасошӯравӣ шаклгирифтаро муайян мекунад”, афзуд Ш. Зуҳуров. 
   Тазаккур дода шуд, ки ҳамгироии минтақавӣ ба кишварҳо имкон фароҳам меорад, то ҳамон  сохторҳо ва институти бозорҳоеро инкишоф диҳанд, ки дар онҳо иқтисод ё рушд накардааст ва ё мавҷуд нест. Он ба афзоиши рақобат, бозсозии оянда, инкишофи хазинавии бозорҳо ва сохтори самарабахши бонкӣ, сохти қарздиҳӣ ва амалиёти суғуртавии содиротиву воридотӣ мусоидат мекунад.
Таъкид гардид, ки барои тақвияти ҳамгироии минтақавӣ на танҳо ҳавасмандии иқтисодӣ ва рушди институтҳои иқтисодӣ, бояд бунёди қонунгузорӣ дар асоси меъёрҳои қабулнамудаи байналмилалӣ фаъол бошад. Дар ин замина нақши Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳамчун институти байнипарлумонӣ ва андозаи равандҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ ниҳоят  муҳим аст.
Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ҳамзамон пешниҳодҳо марбут ба  таҷдиди шакл ва сохторҳои ҳамкориҳо, тақвияти фаъолиятҳои ҳамаҷонибаи гурӯҳҳои ҳамгироии минтақавӣ кӯшишҳои якҷоя ҷиҳати таъсиси сохторҳои устувори ҳамгироӣ бо роҳи ташкил намудани долони  нақлиётӣ, энергетикӣ, иттилоотӣ ва таъсисотӣ, ҳамчунин ҳамоҳангкунӣ ва мутобиқкунии қонгузории кишварҳои пасошӯравӣ ироа гардид, ки он барои  таъмиқи равандҳои ҳамгироӣ миёни кишварҳои Итиҳоди иқтисодии АвруОсиё мусоидат менамояд.

Апрель 17, 2014 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Восеъ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ҳамоишҳои маърифатӣ доир карда мешаванд
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Барои кормандони озмоишгоҳҳои Тоҷикистон оид ба ташхиси барвақтии зукоми паранда даври омӯзишӣ гузаронида шуд
Тоҷикистон дар бандари «Чобаҳор»-и Эрон маркази логистикӣ таъсис медиҳад
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант Олимпиадаи V ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъбаст гардид
Чанган дар Тоҷикистон — оянда аллакай фаро расид!
Гармии баланди ҳаво ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ модули «Декларатсияи мусофирон» фаъол карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво аз 32 то 42 дараҷа гарм мешавад