Ҷиноят исбот шуда, вале айбдоршаванда ба гуноҳаш иқрор намешавад

Май 29, 2014 11:33

Душанбе, 29.05.2014. (НИАТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Тавре ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, 29 июни соли 2013, соати 15:30-дақиқа дар дохили дӯкони фурӯши машруботи спиртии ба номи «Рози дил», воқеъ дар кӯчаи Қурбонови шаҳраки Маскави ноҳияи Ҳамадонӣ сокини 34 — солаи ҳамин ноҳия Давлатов Файзалӣ Алиевич  бо фурӯшандаи дӯкони мазкур сокини 43 — солаи ноҳияи мазкур Латифов Дилшод Шарифович баҳсу муноқиша карда, аз ҳиссиёти авбошӣ охиринро бо бераҳмии махсус якчанд мушту лагад ба сару рӯяш задааст, ки дар натиҷа Д. Ш. Латифов ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ шаҳрванд Дилшод Латифов аз зарбаҳои задаи Файзалӣ Давлатов осеби кушодаи сар, ки дар шакли лати дараҷаи вазнини мағзи сар, шикасти асоси косахонаи сар бо таровиши хуну моеи ҳароммағз мансуб ба зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст.
Сарчашма хабар медиҳад, ки рӯзи 4 июли соли 2013 ҷабрдида Латифов Дилшод Шарифович дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии ноҳияи Ҳамадонӣ аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш ба ҳуш наомада, ба ҳалокат расидааст. Пас аз ин ҳолат нисбат ба шаҳрванд Давлатов Файзалӣ Алиевич тибқи моддаи 110 қисми 3, банди «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Ҳамин тавр, рӯзи 2 июли соли 2013 Давлатов Файзалӣ Алиевич дар ҳузури ҳимоятгар ба сифати гумонбаршуда пурра пурсида шуд. Вай худро дар содир намудани ҷинояти мазкур пурра айбдор ҳисобид ва дар як вақт санҷиши нишондодҳояш дар ҷойи содиршавии ҷиноят гузаронида шуд. Вобаста ба ҳолати кор тамоми шоҳидони ҳодиса низ пурсида шуда, ҳуҷҷатҳои дахлдор тартиб дода шудаанд. 
Сипас натиҷаи ташхиси судӣ-биологӣ нишон дод, ки хуни дар куртаи айбдоршаванда Файзалӣ Давлатов  дарёфтгардида ба ҷабрдида марҳум Дилшод Латифов тааллуқ дорад.
Баъди гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ рӯзи 21 сентябри соли 2013 ба Давлатов Файзалӣ Алиевич бо моддаи 110 қисми 3, банди «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон шудааст.
«Вале ӯ худро дар ҳузури ҳимоятгаронаш умуман айбдор нашуморидааст.
Ҳамин тариқ, барои моҳиятан дида баромадани парвандаи мазкур (аз суди вилояти Хатлон) ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шудааст. Айни замон парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби гурӯҳи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ барои пешбурд қабул шуда, муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршаванда Давлатов Файзалӣ Алиевич бо иҷозати суди ноҳияи Ҳамадонӣ як моҳ тамдид шудааст», — зикр менамояд манбаъ.
Дар рафти мурофиаи судии парвандаи ҷиноятӣ айбдоршаванда Давлатов Файзалӣ Алиевич нишондод дода буд, ки ӯ пас аз содир кардани ҷиноят аз тарафи кормандони милитсия дар бинои ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ мавриди лату кӯб қарор дода шуда, таҳти фишор содиршавии ҷинояти мазкурро бо нишондодҳои бардурӯғ ба зимма гирифтааст. Оид ба ин ҳолат аз тарафи Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб санҷиш гузаронида шуда, бинобар сабаби дар кирдорҳои кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноят, оғози парвандаи ҷиноятӣ рад шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки айбдоршаванда Давлатов Файзалӣ Алиевич аз рӯзи дастгир шуданаш бо ҳимоятгар таъмин буда, танҳо дар ҳузури ҳимоятгаронаш мавриди пурсиш қарор дода шудааст ва ҳолати «шиканҷа» дар кирдорҳои кормандони милитсия ба қайд гирифта нашудааст.
Айбдоршаванда Ф.А. Давлатов аз муоинаи духтурони БМН-и ноҳияи Ҳамадонӣ гузаронида шуда, муайян гаштааст, ки  Ф.А. Давлатов пурра солим буда, ҳангоми муоина дар бадани номбурда ягон намуди осебҳои ҷисмонӣ  ва осори шиканҷа дарёфт нашудааст.      
 
 
 
 

Май 29, 2014 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст