Б Баротов: Паём- роҳнамо барои рушди иқтисодиёти кишвар
Душанбе, 05.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону ҷавонон, фаъол гардонидани нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва ҷавонгардонии синни ҳайати кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ диққати ҷиддӣ медиҳад», -таъкид сохт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 23 апрел дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ.
Бардошти худро аз ин Паём директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Бобохон Баротов чунин иброз намуд:
-Воқеан ҳам Паёми ҳамасолаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад.
Дар Паёми навбатӣ, ки 23 апрели соли 2014 манзури Парлумони кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, дастовардҳои мамлакат дар 7 соли охир ва дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои 7 соли оянда мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, афзалиятҳои сиёсати минбаъда бори дигар мушаххас баён гардиданд.
Қабл аз ҳама боиси зикр аст, ки дар Паём таъмини сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳайси афзалияти асосӣ таъкид гардида, зикр шуд, ки танҳо соли ҷорӣ маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ 54,2%-и ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ё 7,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Дар 7 соли минбаъда барои таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа 70 миллиард сомонӣ равона мегардад, ки афзоиш наздик ба 10 баробар мебошад.
Бояд гуфт, ки таъмини босифати кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ дар мадди аввал ба шуғли аҳолӣ вобаста аст, ки манбаи асосии даромади буҷети давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ин хотир, аз ҷониби Сарвари Давлат нисбат ба тайёр намудани мутахассисон ва банақшагирии тарбияи кадрҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ дар асоси таҳлили талаботи бозори меҳнат ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дастур дода шуд.
Дар ин радиф бояд зикр кард, ки алҳол дар Тоҷикистон санади хеле муҳим, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» қабул шудааст ва татбиқи босамари ин ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ барои омода сохтани кадрҳои воқеан ҳам болаёқат ва арзанда имконияти мусоид фароҳам меорад.
Дигар омили хеле муҳим ҷиҳати бо кор таъмин кардани шаҳрвандон ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ — ин таъсис додани теъдоди ҳарчи бештари ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Бо ин мақсад ба мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар бахши хусусӣ тавассути таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, обёриву аз худ намудани заминҳои нав дар соҳаи кишоварзӣ низ дастури мушаххас дода шуд.
Бо назардошти дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти мазкур ҷиҳати таъмин намудани супоришҳои роҳбари давлат, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






