Баррасии муҳоҷирати танзимнашаванда дар Осиёи Марказӣ
Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ба наздикӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар доираи амалӣ намудани Лоиҳа оид ба масъалаҳои муҳоҷирати танзимнашаванда дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ сардори Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират Толибҷон Шарипов бо даъвати Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон ширкат варзид.
Бино ба иттилои Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатӣ, мақсади баргузории вохӯрӣ-ин муаррифии лоиҳа оид ба масъалаҳои муҳоҷирати танзимнашаванда дар Осиёи Марказӣ буд.
Дар вохӯрӣ оид ба мақсадҳо ва Консепсияи лоиҳаи мазкур Татяна Ҳоҷиэммануел-Роҳбари Барнома оид ба муҳоҷирати СБМ сухан гуфт. Ҳадаф аз амалӣ намудани лоиҳаи мазкур танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ, муайян намудани вазъи имрӯза ва ояндабинии ин раванд, инчунин пешниҳоди таклифҳо доир ба масъалаи мазкур буд.
Толибҷон Шарипов дар мавзӯи вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, масъалаҳои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи таълими касбӣ, забондонӣ, бо кор таъмин кардани муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикон, инчунин муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Бино ба иттилои сарчашма, вохӯрии дуюм баҳри амалӣ намудани лоиҳаи мазкур дар моҳи ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар анҷоми вохӯрӣ зикр гардид, ки амалӣ намудани лоиҳаи мазкур барои танзим намудани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳо байни мақомоти давлатҳои ҳамсарҳад мусоидат менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






