Боздиди коршиносони МТБ аз Тоҷикистон

Май 5, 2014 14:22

Душанбе, 5.05.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Гурӯҳи коршиносони Маркази тиҷорати байналмилалӣ /МТБ/ бо мақсади баҳогузорӣ ба вазъи дастрасии  соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон ба захираҳои молиявӣ аз кишварамон боздид намуданд.
          Сафари коршиносони МТБ аз Тоҷикистон нахустин қадамест дар роҳи анҷоми пажӯҳиш ба хотири баҳогузории вазъ ва пешниҳоди тавсияҳои гуногун ҷиҳати боло бурдани имкониятҳои маблағгузории соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон. Пажӯҳиши мазкур аз ҷониби лоиҳаи МТБ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар доираи  Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат гузаронида мешавад.
Барои гузаронидани тадқиқоти мазкур коршиносони байналмилалӣ — Кристоф Кордонйе, Тариқ Фарҳодӣ ва Жил Уолтер, ки аз ҷониби мушовирони миллии МТБ мусоидат мебинанд, ҷалб шудаанд. Ин гурӯҳи коршиносон аз 28-уми апрел то 4-уми май дар Тоҷикистон қарор дошт ва бо раҳбарону намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ, бонкҳои тиҷоративу созмонҳои хурди молиявӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ мулоқот намуданд. 
Саидмӯъмин Камолов- роҳбари барномаҳои МТБ дар Тоҷикистон бар он назар аст, ки дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ ва маблағгузорӣ яке аз мушкилоти аслии корхонаҳои ин соҳа дар кишвар аст. Мавсуф афзуд, ки мо  ин пажӯҳишро бо мақсади шинохти имконияту хидматрасониҳои феълии молиявӣ барои соҳибкории хурду миёна, ниёзҳои корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ ҷиҳати дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва хидматрасониҳои молиявӣ, мушкилоти онҳо ҳангоми дастрасӣ ба маблағгузориҳо, мушкилоти бонку ниҳодҳои молиявӣ ҳангоми пешниҳоди хидматрасониҳои молиявӣ роҳандозӣ мекунем. Мо фазои танзимотии хидматрасониҳои молиявиро баҳо дода, муҳимтарин монеаҳоро дар ин самт муайян мекунем ва ба тавоноии созмонҳои молиявии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар кардани дастрасии ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагӣ ба хидматрасониҳои молиявӣ баҳо медиҳем, таъкид кард С. Камолов.

Май 5, 2014 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш