Муаррифгари фарҳанги тоҷикон ба ҷаҳони Араб

Май 15, 2014 15:21

 
      Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Арабшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология, профессор Саидраҳмон Сулаймонов дар конфронси байналмилалии «Арабикунонии илму техника дар шароити ҷаҳонишавӣ», ки чанде қабл дар Академияи  забони арабии  Қоҳира баргузор гардид,  Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Дар робита ба забоншиносии араб ва дигар паҳлӯҳои он хабарнигори АМИТ «Ховар» бо донишманди тоҷик муҳоварае орост, ки ҳоло фишурдаи онро пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем:
                  Забони арабӣ таърихи беш аз ҳазорсола дорад
 
-Устод Саидраҳмон Сулаймонов, ҳадаф аз баргузории чунин конфронси байналмилалӣ  дар Миср дар чӣ  буд? 
 —  Конфронси мазкур, ки дар мавзӯи арабикунонии истилоҳоти илмӣ- техникӣ ва фалсафӣ дар муқобили ҷаҳонишавии илм ва техника» доир гардид, ҳадафаш ташаккули забоншиносии  арабӣ ва ҳифзи он аз ҳар гуна хатарҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ буд. Дар ин ҳамоиш масоили марбут ба   ҷилавгирӣ аз воридшавии истилоҳоти аз ҳад зиёди бегона ба фонди луғавии забони арабӣ мавриди таҳқиқ  қарор гирифт. Дар конфронс зикр шуд, ки забони арабӣ аз лиҳози илм ва фалсафа таърихи беш аз ҳазорсола дорад. 
    Дар ҳамоиши байналмилалӣ, ки донишмандони кишварҳои арабӣ ва марказҳои арабшиносии ҷаҳон ширкат доштанд, масъалаҳои марбут ба ҷаҳонишавӣ ва оламигардонии забону фарҳангҳои мухталифи ҷаҳон, ки барои ҳастӣ ва пешрафти онҳо дар оянда ба ҳайси забонҳо ва фарҳангҳои мустақил хатари беандоза дорад, матраҳ гардиданд. Ин ҳамоиш дар ҳоле баргузор гардид, ки аз таъсиси Академияи забони арабии Қоҳира 80 сол сипарӣ шуд. 
Даргоҳе ки тамоми арабшиносони ҷаҳонро  гирдиҳам меорад
 
-Академияи забони арабии Қоҳира чӣ гуна ниҳод аст?
   -Академияи забони  арабӣ (қароргоҳ дар Қоҳира) муассисаи илмӣ буда, намояндагони он дар тамоми давлатҳои арабӣ ва кишварҳои ҷаҳон ва ҷаҳони ислом, ки забони арабӣ ба ҳайси  як забони хориҷӣ ва забони мустақил омӯзонида мешавад, фаъолият доранд ва ҳар сол дар ҷаласаҳои он ширкат намуда, гузориш ироа месозанд. Донишмандони марказҳои ховаршиносии ҷаҳон, ки дар бахши забоншиносӣ ва адабиётшиносии араб хизматҳои шоён анҷом додаанд, ба узвияти ин муассисаи илмӣ пазируфта шудаанд. Алҳол Академияи забони арабии Қоҳира дорои 60 нафар узви вобаста ва пайваста аст. 
                      Заҳматҳоямро қадр карданд 
 
-То ҷое мусаллам аст, Шумо ҳам  узви вобастаи ин муассисаи бонуфузи ҷаҳони араб мебошед. Барои кадом хизматҳоятон ба узвияти  Академияи забони арабии Қоҳира пазируфта шудаед?
-Банда барои таҳияи  аввалин фарҳанги  забони арабӣ -тоҷикӣ, ки онро дар тӯли беш аз 15 сол омода кардам, инчунин барои тарҷумаи осори мутафаккирони бузурги тоҷику форс, бахусус осори Абӯалӣ ибни Сино аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ ва русӣ  дар зимни Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар соли 2013 ба ин унвон, яъне узви вобастаи Академияи забони арабии Қоҳира мушарраф гардидам. 
                   Саҳми донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанги исломӣ
 
-Шумо дар ин ҳамоиш дар кадом  мавзӯъ маърӯза кардед?
-Банда дар ҳамоиши байналмилалӣ роҷеъ ба таъсири забони арабӣ ба забони тоҷикӣ ва  таъсири мутақобилаи забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ дар тӯли таърихи зиёда аз 1300 сол, саҳми донишмандони тоҷику форс дар рушди фарҳанги исломӣ ва ҷаҳон, вазъи забонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ маърӯза намуда, доир ба арабишиносӣ ва чашмандоз ба дурнамои он дар Тоҷикистон табодули назар намудам.Мавриди зикр аст, ки халқҳои сомӣ ва эронӣ таърихи зиёда аз 2 ҳазорсолаи робитаҳои мутақобилаи фарҳангӣ ва забонӣ доранд. Дар  даврони ҳахоманишиҳо забони сомиасоси оромӣ дар баробари забони авастоӣ ва иломӣ  забони  давлати ҳахоманишиниҳо буд. Аз ҳамон даврон ба забони арабӣ калимаҳои форсӣ ворид шуда буданд, ки дар забоншиносии муосири араб онҳоро муарработ  мегӯянд. Яъне, калимаҳои арабишуда, калимаҳо ва иқтибосоти форсие, ки аз забони форсии миёна ва қадимтари он ба забони арабӣ дохил шуданд ва то замони мо адади  чанд аз ин калимаҳо дар забони муосири арабӣ вуҷуд доранд. Дар навбати дигар баъди пайдоиши ислом дар Моваруннаҳру Хуросон ба рушди забони арабӣ ҳамчун забони идораи давлат ва илму фалсафа аҳамияти калон медоданд. 
40-45 % забони тоҷикӣ калимаю истилоҳоти арабист
 
-Дар шароити феълӣ оё забони арабӣ ба забони тоҷикӣ таъсири манфӣ дорад?
  -Тамоми чиз дар ҷаҳон ҳам ҷанбаи мусбат дорад  ва ҳам манфӣ. Он чӣ ки аз воқеияти таърих мусаллам аст, истилоҳоти арабӣ дар тӯли  таърихи 1300-солаи робитаҳои мутақобилаи байни забони тоҷикӣ ва арабӣ ба забони тоҷикӣ дохил шудааст. Бисёр калимаҳое, ки аз забони қадим боқӣ монда буданд, онҳо ҷои худро ба калимаҳои нав доданд, ки ин дар таърихи забоншиносӣ як раванди табиии пешрафти забонҳои ҷаҳон аст. Ягон забони ҷаҳон дар шароти феълӣ ҳамон  калимаҳое, ки аз даврони пайдоиш ва такомули худ дошт, онҳоро  дар худ нигоҳ надоштааст. Калимаҳо дар зери таъсири  омилҳои берунӣ ва дохилӣ  дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша ҷои худро ба калимаҳои  нав медиҳанд. Ин ҳолат ҳам хоси забони тоҷикист. Агар мо ба забони даврони Сомониён назар афканем, он забони хеле пурқувват ва пурқудрат буда, калимаҳои  тоҷикӣ ҳам дар он хеле зиёд аст. Масалан, аз 52 ҳазор калимае, ки дар «Донишнома»-и  Абӯалӣ ибни Сино  омадааст, танҳо 29 дарсади онро калимаҳои арабӣ ташкил медиҳад ва 71 % он калимаҳои сирф тоҷикист.  Инчунин, дар асрҳои миёна забони  арабӣ воқеан ба забони тоҷикӣ таъсири чашмрас расонд. Тибқи таҳқиқоте, ки имрӯз дар забоншиносии тоҷик мо мебинем, шумораи  калимаю иқтибосоти арабӣ  дар забони тоҷикӣ аз 40 то 45 дарсадро  ташкил медиҳад. Дар асрҳои 19, масалан дар асари «Наводир -ул-вақоеъ» -и Аҳмади Дониш адади ин калимаҳо хеле зиёд аст. Ин  иқтибосот ва калимаҳои  арабӣ дар пешрафт ва бой гардонидани забони тоҷикӣ таъсири чашмрас расонд. Воқеият аст, ки  дар шароити кунунӣ забони муосири тоҷикиро бе иқтибосоти арабӣ тасаввур кардан номумкин аст.
    Дар шароити феълӣ ба мо муҳим  аст, ки дар баробари пазируфтани бисёр истилоҳоти наве, ки  дар илм ва техника ба вуҷуд омадаанд,  мо аз таҷрибаи бузургон ва осори фалсафие, ки дар гузашта доштем, бояд ба таври муосир истифода намоем, то забони тоҷикиро як забони пурқуввати илмие созем, ки бо замон ҳамқадам бошад.
Арабҳо анъанаи  қадимаи фарҳангнигорӣ доранд
 
— Вазъи забони арабӣ дар шароити  ҷаҳонишавӣ дар кадом сатҳ аст? 
  -Забони арабӣ чун дигар забонҳои миллии ҷаҳон дар шароити ҷаҳонишавӣ ба мушкилот рӯ ба рӯст. Дар забони арабӣ ҳам масъалаи истилоҳоти илм, фалсафа ва техника як масъалаи бисёр доғи рӯз аст. Новобаста ба ин дар кишварҳои арабӣ ва дигар давлатҳое, ки Марказҳои арабшиносӣ фаъолият доранд, ин забон то ҷое ба комёбиҳои чашмрас ноил гардидааст.
Дар бархе аз кишварҳои арабизабон фарҳангномаҳои муосир таҳия намуда, онҳоро бо тавсифномаҳо ва муодилҳои англисӣ ба забонҳои аврупоӣ муҷаҳҳаз кардаанд. Инчунин дар шароити кунунӣ кӯшиш карда истодаанд, ки дар баробари забонҳои аврупоӣ ба забони арабӣ шаҳодатномаи забони ҷаҳониро диҳанд, ҳарчанд забони арабӣ яке аз забонҳои кории Созмони Милали Муттаҳид/СММ/ аст. Ҳар сол фарҳангҳои наву муосири забони арабӣ нашр мегарданд, ки  дар ташаккули забони арабӣ мусоидат менамоянд. Дар шароити феълӣ  иқдоми бузурге, ки  аз сӯи забоншиносони араб андешида шудааст,  таҳияи  фарҳанги таърихии забони арабист. Ҳол он ки арабҳо анъанаи қадимии фарҳангузорӣ доранд,  вале то ин замон фарҳанги таърихии забони арабӣ вуҷуд надошт. Онҳо аллакай ба ин кор  шурӯъ кардаанд ва чанд ҷилди он ба чоп расидааст ва дар солҳои наздик ин фарҳанг ба таври пурра мунташир мегардад, ки он комёбии бузурги  забоншиносии араб дар шароити  кунунист.
Мақоми забони адабии арабӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ
 
-Дар шароити ҷаҳонишавӣ таъсири дигар забонҳо ба забони арабӣ ба чашм мерасад?
— Мафҳуми ҷаҳонишавӣ пеш аз ҳама ин таъсир ба фарҳангҳо, адабиёт ва анъанаҳои дигар халқҳост. Таъсири ҷаҳонишавӣ  ба забони арабӣ вуҷуд дорад. Ҳар як забон бояд бо  ҷомеаи башарӣ  ва замон ҳамқадам бошад. Вале ҷоиз нест, ки як забон  таркиби луғавии худро аз ҳад зиёд бо калима ва истилоҳоти хориҷӣ олуда созад. Барои ҳамин  арабҳо ҳам саъй менамоянд, ки ба муқобили ҷаҳонишавӣ иқдомоти  мушаххас гузоранд. Инчунин мақоми забони  адабии арабиро дар қиёс бо лаҳҷаҳои  дигари забони арабӣ ҳатто дар сатҳи сиёсӣ баланд бардоранд, то ки ин забон дар тамоми бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои араб мавриди истифода қарор гирад. 
                  Мисриён гузаштаи тоҷиконро хуб мешиносанд 
 
— Устод, Шумо борҳо дар Миср будед ва  Тоҷикистони муосирро то чӣ андоза дар ин кишвари арабии қораи Африқо мешиносанд?  
   -Дар Миср Тоҷикистонро хуб мешиносанд ва аз гузаштаи мо тоҷикон, хусусан  осори оламшумули бузургони халқи тоҷик, назири Абӯалӣ ибни Сино, Имом Бухорӣ, Ал -Берунӣ, Ал-Хоразмӣ, Имом Абӯҳанифа ва дигар донишмандони  тоҷик  хуб огоҳанд. Ман дар маърӯзаи худ дар конфронс роҷеъ ба Тоҷикистони таърихӣ ва муосир, дар бораи саҳми  донишмандони тоҷик дар пешбурди фарҳанги исломӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ маълумот ироа кардам, ки он аз ҷониби муҳаққиқони  кишварҳои арабӣ хуб пазируфта шуд. Аз ин лиҳоз Тоҷикистон, ки дорои решаҳои қавии таърихист, аз қадим бо кишварҳои  арабӣ равобити сиёсию  иқтисодӣ ва фарҳангӣ дошт, ин равобит бояд дар сатҳи  илм ва фарҳанг дар шароити муосир густурдатар гардонида шавад.
Бояд ёдовар шуд, ки доираҳои илмию фарҳангӣ ва иттилоотии Миср тоҷикон ва таърихи бостонию фарҳанги асили онро имрӯз тавассути тарҷимаи арабии китоби Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар 4 ҷилд мешиносанд. Ин китоб маҳз дар Қоҳира аз ҷониби тарҷумонҳои маъруфи мисрӣ  устодони донишгоҳҳои Қоҳира ва Айн Шамс соли 2009 ба арабӣ пурра тарҷума ва ба табъ расидааст.
                                   Дар дунё кори осон нест
 
-Омӯхтани забони арабӣ мушкил аст?
   -Дар дунё кори осон нест. Агар инсон саъй кунад, аз худ кардани забонҳои гуногун душвор нест. Барои беҳтар аз худ кардани забони арабӣ адабиёти илмиро бештар мутолиа кардан лозим аст. Забони китобӣ, илму фалсафа ва фарҳангро бояд аз худ кард. Барои  мо тоҷикон донистани забони  арабӣ аз он ҷиҳат аҳамият дорад, ки  дар баъзе ҳолатҳо  осори Сино то 80 дарсад ба забони арабист. Вазифаи асосии арабшиносони  тоҷик ҳам аз он иборат аст, ки  чунин осорро ба забони тоҷикӣ ё русӣ тарҷума намуда,  дастраси  муштариён ва муҳаққиқон гардонад. Осори таърихии 1300 -солаи илмӣ, фалсафӣ, фиқҳӣ, ки ба забони арабӣ навишта шудааст,  таҳқиқ, бозгардону тарҷума кардани ҳамин осор ба забони модарӣ яке аз воҷиботи асосии арабшиносии тоҷик  аст.  Бахшҳои адабиёти классикии тоҷик ҳам саршор аз истилоҳоти арабист, бе донистани забони арабӣ ва истилоҳоти  соҳаҳои мухталифи илм ва фарҳанг мо  наметавонем, ки ин фарҳангро аз худ намоем. Аз ин рӯ, донистани забони арабӣ яке аз воҷиботи асосии муҳаққиқе, ки дар ҳамин соҳа фаъолият менамояд, маҳсуб мешавад.
Шогирдони мушовиру сафир ба камол расонидаам
 
-Шумо ҳамчун арабшинос илму фалсафа ва адабу фарҳанги тоҷиконро дар кадом кишварҳои арабӣ муаррифӣ кардаед?
  -Баъди хатми Донишгоҳи миллӣ дар кишварҳои арабӣ, ба мисли Яман (солҳои 1970-1971), Ироқ (1980-1983), инчунин дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар конфронсу ҳамоишҳое, ки дар Миср, Арабистони Саудӣ, Урдун ва дигар кишварҳои арабӣ баргузор гардиданд, фаъолият ва иштирок доштам ва кишварамонро то андозае муаррифӣ намудам. Инчунин дар зарфи 45 соли фаъолиятам дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо дар бахши забони арабӣ шогирдони зиёд ба камол расонидаам, ки дар ташаккули илму адаби тоҷик нақши босазо гузошта, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолият доранд. Шогирдонам алҳол  дар кафедраи забони арабии Донишгоҳи миллӣ ба ҳайси устоди забони арабӣ, дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳукуқи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Институти ховаршиносӣ ва мероси хаттӣ,  дар Вазорати умури хориҷӣ ба ҳайси тарҷумон, мушовирони Президенти кишвар ва ҳатто ба ҳайси сафирон дар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар фаъолият доранд. 
Робита бо арабшиносони ҷаҳон
 
-Бо арабшиносони дигар кишварҳо ҳамкорӣ доред?
   -Бале, бо шарқшиносон ва арабшиносони рус аз кафедраи филологияи араби Интититути кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи Ломоносов, инчунин олимону пажӯҳишгарони Марказҳои арабшиносии кишварҳои Эрон, Миср, Арабистони Саудӣ, Ироқ, Сурия, Урдун,  Фаластин, Судон, Алҷазоир ва Марокаш  ошноӣ пайдо кардам ва робита дорам.
Рисолати ҳар як забон муошират ва ҳамдигарфаҳмист
 
— Шумо нияти таъсис додани Маркази омӯзиши забони арабиро  доред?
-Дар кишвари мо чунин марказҳо зиёд ҳастанд. Ман аслан ба корҳои илмӣ машғулам. Донишамро барои тарҷумаи осори мутафаккирон ва корҳои илмӣ, инчунин тадрис дар Донишгоҳ  сарф менамоям. Фарҳанги адабию илмӣ ва динии мо ба забони  арабӣ робитаи зич  дорад, зеро Қуръони маҷид, китоби муқаддаси дини Ислом аз ҷониби Худованд ба забони арабӣ нозил гардидааст. Аз ин рӯ,  барои аз худ кардани фарҳанги динӣ донистани ин забон зарур аст. Бисёре аз мардум ин забонро ба таври мустақил,  инчунин дар марказҳо ва гурӯҳҳо омӯхта аз худ мекунанд. Рисолати забони арабӣ чун дигар забонҳои ҳалқҳои ҷаҳон муошират ва ҳамдигарфаҳмист.
Забони модариро бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем
 
— Назари Шумо ба вазъи имрӯзаи забони адабии тоҷикӣ?
-Забони ягонаи адабӣ вақте ба вуҷуд меояд ва қудратманд мегардад, ки аз хурд то бузург ва тамоми қишрҳои ҷомеа ба забони адабӣ гуфтугӯ кунанд. Ва бояд забони адабӣ дар соҳаи маориф -макотиби олӣ, тамоми риштаҳои илм, техника дарс  дода шавад ва  дар бахши коргузории давлатӣ ба таври устувор ба роҳ монда шавад. Бо ин роҳ забони адабии миллӣ ташаккул меёбад.  Мо агар забони адабии миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз накунем  ва барои  ташаккули он икдомоти мушаххас наниҳем, он дар баробари ҷаҳонишавӣ оҳиста-оҳиста қудрат ва тавоноии худро дар зери таъсири дигар забонҳо аз даст медиҳад.  Дар шароити кунунӣ донистани забонҳои  хориҷӣ шарт ва зарур аст. Аммо асос омӯзиши амиқи забони модарӣ-миллист, зеро дигар забонҳо дар соя ва асоси забони  модарӣ омӯхта мешаванд.        
Олимон ҳамеша дар такопӯянд
 
-Дар оянда чӣ нақшаҳо доред? 
-Олимон ҳамеша дар такопӯянд ва бо корҳои илмии худ зиндаанд. Алҳол ман ба таълифи фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ-русӣ машғул ҳастам ва ду ҷилди онро ба охир расондам, ҷилди саввумаш солҳои оянда, иншоаллоҳ, ба анҷом мерасад. Ин фарҳанг фарҳанги алифбоист ва  истифодааш осон буда, бо забонҳои арабӣ-тоҷикӣ ва русист ва доманаи онро густурдатар мегардонад. Инчунин ният дорам, ки солҳои наздик фарҳанги арабӣ-тоҷикиро, ки дар  компютер мавҷуд аст, омода намуда, ба алоқамандон пешкаш созам. Ҳамзамон ба таҳқиқ ва тарҷумаи осори мутафаккирони бузурги тоҷику форс ба забони  арабӣ машғулам.  Алҳол,  дар Пажӯҳишгоҳи фаласафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ фаъолият дорам ва 60 дарсади осори Абӯалӣ Синоро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тарҷума кардаам, ки қисме аз онҳо ба табъ расидааст ва бахши  дигари он дар зимни  осори фалсафии Ибни Сино  дар маҷмӯъ  бояд дар 15 ҷилд ба табъ расад. 
 
-Ташаккур барои суҳбат!
 
 
 Мусоҳиб Марзия Саидзода -хабарнигори АМИТ «Ховар». 
 

Май 15, 2014 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Мавлоно ҳамоиш баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор дар Пекин иштирок намуд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар истгоҳи мошинҳои Хуҷанд толори фирмавии алоқа кушода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷавонони синни даъватӣ бо ихтисоси мутахассис-ронандаи мошинҳои гаронвазн ба хизмати Ватан мераванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуд