Пайки умедворӣ ба зиндагии арзанда

Май 13, 2014 11:35

Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ҳар сол мардуми Тоҷикистон Паёми навбатии Президентро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бесаброна интизор мешаванд, зеро дар Паём на танҳо кулли соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон баҳогузорӣ мегардад, балки як навъ пайки умедворӣ ба зиндагии арзандаи мардуми кишвар низ маҳсуб мегардад.
Паёми имсолаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароите садо дод, ки мардуми ҷумҳурӣ ба таҷлили санаи фархунда-20-умин солгарди қабули нахустконститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр омодагӣ мебинанд.
Мо, мардуми бошарафи Тоҷикистон муваззафем, ки ин ҷашни ҳаётан муҳимро, ки давлати моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷумҳурии соҳибистиқлоли дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, бо шукўҳу шаҳомати хосса истиқбол намоем, чунки «Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд. (Аз «Паём…»).
Бешубҳа. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини истиқлолият ва тартиботи ҳуқуқии кишвар, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард, зеро Конститутсия ҳамчун санади асосии фаъолияти бонизоми ҷомеа, яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб мегардад. Тавре ки дар Паёми Президент таъкид гардидааст: «Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо имрўз барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем».
Президенти мамлакат бо назардошти таҳаввулоти ҷаҳони имрўза ва мушаххасоти геополитики он, инчунин манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ моро ба ҳалли мушкилот ва иҷрои вазифаҳои бузургтаре ҳикоят намуд, ки барои расидан ба соҳили мурод ва қуллаҳои нурафшони мақсуд аз ҳар яки мо «диди амиқи стратегӣ, иродаи матин, зиракии сиёсӣ ва амали ниҳоят санҷидаву масъулонаро» тақозо менамояд.
Роҳбари давлат ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандўсту ватанпарварро вазифадор намуд, ки истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои онро ҳифз намоянд, амният ва манфиатҳои давлатро ҳимоя кунанд, ваҳдати миллиро устувор гардонида, суботу оромии ҷомеаро нигоҳ доранд ва аз ҳама муҳимаш рушди иқтисодии кишварро таъмин намуда, дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархурди қудратҳои ҷаҳонӣ сатҳу сифати зиндагии аҳолиро беҳтар гардонанд.
Бо боварии том метавон гуфт, ки ормонҳои Президенти мамлакат, азму иродаи Роҳбари давлат оид ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, самаранокии бозори меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили низоми идораи давлатӣ ва тақвияти нерўи инсонӣ ва монанди инҳо мақсаду мароми ҳар як шаҳрванди меҳанпараст ва баору номуси кишвар аст.
Тавре ки дар моддаи якуми Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад». Бинобар ин қабули барномаҳои «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015», «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015», тавре ки дар Паём низ гўшзад шудааст, боиси пешрафти иқтисоди кишвар гардида истодааст, ки муҳтавои кулли асноди барномавии қабулшуда таъмини некуаҳволии мардуми кишвар мебошад. Ин аст, ки дар ҳафт соли сипаришуда маҷмўи маҳсулоти дохилӣ якуним баробар ва даромади аҳолӣ 1,7 баробар зиёд шудааст. Барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ дар шаҳру навоҳии кишвар то ҳозир 42,5 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Дар ҳафт соли оянда бо ин мақсад истифода намудани 110 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Пешниҳоди Президенти мамлакат оид ба ташкили заминаҳои инкишофи босуботу дарозмуддат ва оғози таҳияи «Стратегияи миллии рушд то давраи соли 2030» бо мақсади таъмини рушди босуръати иқтисолиёти кишвар айни муддаост. Ҳамчунин дар ҳафт соли оянда то соли 2020 ду баробар афзоиш додани маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ва ба ҳар нафари аҳолӣ якуним баробар зиёд намудани маҷмўи маҳсулоти дохилӣ боиси ҷомаи амал пўшидани ҳадафҳои стратегии мамлакат хоҳад гашт. Бунёди инфрасохтори муосир ва устувори ҳифзи аҳолиро ҳамчун вазифаи асосии худ ҳисобидани Ҳукумат моро ба ояндаи босаодат умедвор месозад. Бе тардид дар ҳафт соли гузашта бо мақсади ҳифзи тамоюли иҷтимоии буҷети давлатӣ ҳаҷми хароҷот барои соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи 35 фоиз афзоиш  ёфт ва 23 миллиард сомониро ташкил кард. Хушбахтона дар ҳафт соли оянда барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 70 миллиард сомонӣ ихтисос дода мешавад.
Тавре ки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳатман бояд ба рушди минбаъдаи воқеии иқтисод ва рақобатпазирии он, таъмин ва дар асоси захираҳои табиии кишвар такмили сохтори иқтисоди миллӣ ноил гардем. Ба касе пўшида нест, ки дар айни ҳол Ҳукумати Тоҷикистон тамоми неруи ақлонию ҷисмонии худро ба ҳалли муваффақонаи се масъалаи ҳаётан муҳим-(1) таъмини истиқлолияти энергетикӣ, (2) аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва (3) ҳифзи амнияти озуқавории кишвар равона сохтааст, ки бо ин мақсадҳо дар ҳафт соли оянда, яъне то соли 2020 ихтисос додани беш аз 35 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳақ бар ҷониби Президенти мамлакат аст, ки имрўз аз беҳтар шудани сохтори хараҷоти хонаводагӣ изҳори хушнудӣ менамояд, зеро дар соли 2013 афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,4 фоиз нигоҳ дошта шуда, даромади пуллии аҳолӣ 16,5 фоиз ва маоши моҳонаи як корманд 20 фоиз боло рафт. Ҳамагон хуб медонанд, ки то соли 2001 84 фоизи хароҷоти хонаводагӣ ба хариди маҳсулоти озуқа ва танҳо 16 фоиз барои молҳои ғайриозуқа ва хизматрасониҳо масраф мешуд. Ҳоло бошад, имконияти ҳамаи мову Шумо барои хариди молҳои маишӣ, пардохти хизматрасониву истироҳат ва пасандози қисми даромадҳоямон бештар шудаанд, яъне нишондиҳандаҳои хароҷот барои озуқа бо пардохти дигар хизматрасониҳо баробар шудаанд. Рақами дар Паём зикршуда хеле ҷолиб аст, ки дар даҳ соли охир фақат барои хариддории мошинҳои сабукрав, яхдону телевизор ва мебелу кондитсионерҳо беш аз 15 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст. Аз он ҷумла дар соли 2013 аҳолӣ барои хариди мошинҳои сабукрав 1,4 миллиард сомонӣ ва барои пардохти маблағи суҳбат бо телефонҳои сайёр беш аз 1,7 миллиард сомонӣ сарф намудааст. Агар ба ин арзиши беш аз даҳ миллион адад телефонҳои сайёри дар дасти аҳолӣ бударо зам намоем, ба садҳо миллион сомонӣ дакка мехўрад. Ҳатто пасандозҳои бонкии аҳолӣ низ дар панҷ соли охир зиёд гардида, соли 2013 қариб ба чор миллиард сомонӣ расидааст. Ҳамаи ин ба он оварда расонид, ки соли 2013 сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоиз ба 35,6 фоиз коҳиш ёфт. Иншооллоҳ то соли 2015 ин нишондиҳанда то 30 фоиз мефурояд.
Агар теъдоди умумии ҷойҳои нави кории муҳайёшуда ва барқароргардида дар панҷ соли онҳо зиёда аз 870 ҳазор, аз ҷумла танҳо соли 2013 185 ҳазорро ташкил карда бошад, соли ҷорӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ боз 250 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода хоҳад шуд. Ҳамчунин сохта ба истифода додани 150 корхонаи нави саноатӣ низ пешбинӣ гардидааст. Махсусан таъсиси корхонаҳои саноатии истихроҷи маъдан ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркарди онро Президенти кишвар ҳатмӣ шуморида, таҳия ва татбиқ намудани Барномаи омўзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодирро барои солҳои 2015-2025 пешниҳод намуд. Таклиф гардид, ки ба рушди саноати металлургияи ранга ҳамчун соҳаи ояндадор, истифодаи қаъри замин ва рушди соҳибкорӣ диққати махсус дода шавад.
Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саноати миллии рақобатпазиру самаранок, техникаву технологияи навсозишуда, шароити мусоид барои соҳибкории истеҳсолӣ бо мақсади таъмини коркарди бештари ашёи хоми ватанӣ эҳтиёҷ дорад, то ки ба шароити рақобати шадиди бозорӣ тобовар бошад. Барои ҳалли муваффақонаи ин ормонҳои олӣ бояд ба рушди зерсоҳаҳои алоҳидаи саноат, аз ҷумла саноати сабук ва хўрокворӣ, истихроҷи маъдан ва ангишт, мошинсозӣ ва монанди инҳо муваффақ гардем. Дар Паём истеҳсоли зиёда аз шаш миллион тонна семент дар як сол пешбинӣ гардид, ки ба ин васила хароҷоти сохтмон, аз ҷумла нархи манзилҳои зист арзон мегардад. Ҳамчунин ба роҳ мондани омўзиш ва истихроҷи маъдани оҳан, сохта ба истифода додани корхонаҳои коркарди он бо мақсади бароварда сохтани эҳтиёҷоти ҳамаи соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла соҳаи сохтмон пешниҳод гардид.
Дар Паём оид ба рушди гидроэнергетика, ки пешрафти ояндаи Тоҷикистон аз он вобастагии мустақим дорад, низ сухан меравад, зеро ба касе пўшида нест, ки «Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикии минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад» ва барои истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда Президенти мамлакат таҷдиду барқарорсозӣ ва сохтмони босуръати соҳаи энергетикаро зарур шуморид, вале иброз намуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори самимии иқдоми ташаббусҳои ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва дигар давлатҳои пешрафта доир ба манбаъҳои барқароршаванда ва аз лиҳози экологӣ тозаи нерў мебошад.
Ташаббуси Президент оид ба таъмини минбаъдаи кишвар бо қувваи барқу гармӣ тавассути барқарор намудани нерўгоҳҳои мавҷуда ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла бунёди хатҳои интиқоли барқ, истифодаи сарфакоронаи нерўи барқ, паст кардани талафоти он, истифодаи технологияи каммасрафи барқӣ қобили дастгирианд, зеро рушди ояндаи иқтисоди кишвар аз бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли қувваи барқ, аз ҷумла аз сохтмони нерўгоҳи барқи обии Роғун вобастагии калон дорад. Соли ҷорӣ пурра ба истифода додани нерўгоҳҳои барқи обии Сангтўда-2 бо иқтидори 220 мегаватт ва навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 100-мегаватт пешбинӣ шудааст. Агар то соли 2013 дар мамлакат 310 нерўгоҳи барқи обии хурд бо иқтидори 29 ҳазор киловатт сохта шуда бошад, дар соли ҷорӣ сохтмони боз 10 нерўгоҳи хурд бо иқтидори 14 ҳазор киловатт идома дорад. Агар барои таҷдиди низоми энергетикии мамлакат дар 10 соли охир беш аз 13 миллиард сомонӣ сарф гардида бошад, дар даҳ соли оянда ҷудо намудани беш аз  22 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Президенти мамлакат оид ба татбиқи лоиҳаҳои бунёди инфросохтори коммуникатсионии дорои аҳамияти дохиливу минтақавӣ сухан ронда истода, онҳоро омили муҳимтарини рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар арзёбӣ намуд ва таъкид кард, ки соли 2014 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия 1,1 миллиард сомонӣ ва дар ҳафт соли минбаъда беш аз 8 миллиард сомонӣ сарф мегардад.
Президенти мамлакат оид ба соҳибкорӣ ибрози назар намуда, барҳақ таъкид менамояд, ки ҳавасмандӣ ба фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ нисбат ба соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ камтар аст.
Оид ба Кодекси нави андоз дар Паём зикр шудааст, ки барои пешрафти соҳибкории хурду миёна беш аз 240 номгўй имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд. Танҳо соли гузашта маблағи умумии имтиёзҳои пешниҳодшуда 3,6 миллиард сомониро ташкил дода, соли ҷорӣ он ба чор миллиард сомонӣ мерасад. Пешбинӣ шудааст, ки аз 1 январи соли 2015 андоз аз фоида кам карда мешавад. Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард низ аз 1 январи соли 2015 кам ва аз 1 январи соли 2017 умуман бекор карда мешавад.
Президенти мамлакат пешниҳод намуд, ки солҳои 2014-2020 давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ эълон карда шуда, ба истеҳсолоти ба содирот нмгаронидашуда ва аз ҷиҳати экологӣ безарар афзалият дода шавад. Таклифи Президенти мамлакат ҷиҳати тадриҷан аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил додади кишварамон ва дар ин росто роҳандозӣ намудани барномаҳои дахлдор айни муддаост.
Дар иртибот бо пешбурди сиёсати молиявӣ дар Паём идоракунии устувори давлатӣ, афзоиши даромадҳои буҷет, такмили низоми андозбандӣ, шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи мувизини маблағгузории буҷет тақозо гардидааст.
Боиси қаноатмандист, ки агар хароҷоти буҷети давлат соли 2001 ҳамагӣ 324 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас ин нишондиҳанда соли 2014 ба 14,1 миллиард сомонӣ баробар мегардад, яъне афзоиш беш аз 45 баробарро ташкил медиҳад.
Перзиденти мамлакат Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро вазифадор намуд, ки истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои давлатӣ, аз ҷумла даромад ва хароҷоти маблағҳои буҷетиро дар тамоми субъектҳои хоҷагидор таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд. То ин ки ба ин васила ҳисобдорӣ дуруст ба роҳ монда шуда, низоми бақайдгирии амалиёти хариду фурўши молу хизматрасониҳо дуруст ташкил гардад, маҷмўи маҳсулоти  дохилӣ саҳҳеҳ ба ҳисоб гирифта шуда, тартиби муосири андозбандӣ роҳандозӣ гардад, фарҳанги андозсупорӣ ташаккул ёбад, меъёрҳои фоизи қарзҳои бонкӣ паст гарданд ва мубориза бо коррупсия бомуваффақият пеш равад.
Маълум аст, ки ҳоло 46 фоиз аҳолии мамлакат дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсолоти соҳа дар соли 2013 ба 17 миллиард сомонӣ ва ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 21 фоизро ташкил кардааст, дар 7 соли оянда бошад, барои рушди ин соҳа ҷудо намудани беш аз 3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар Паём дар доираи иҷрои Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» то имрўз қариб 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, қариб 100 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда бошад, Ҳукумати кишвар вазифадор гардид, ки то моҳи сентябри соли ҷорӣ Барномаи нави рушди боғу токпарвариро барои даҳ соли оянда таҳия ва қабул намояд.
Ҳамчунин дар Паём оид ба рушди бахши сайёҳӣ, ки барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва инкишофи истеҳсолот мусоидат мекунад, таъкид гардида пешниҳод шуд, ки саҳми соҳаи сайёҳӣ дар маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар то соли 2020 то ба 5 фоиз ва саҳми ғайримустаҳқими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоиз расонида шавад. Дар ин росто Президент имкониятҳои Тоҷикистонро бо шумули ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои нодири тиббиву муолиҷавӣ, кўҳнавардӣ ва дигар атоҳои табиат бузург арзёбӣ намуд.
Сиёсати иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими давлат буда, соли ҷорӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 54,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ё 7,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Дар 7 соли оянда бошад, соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии зиёда аз 70 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда хоҳад шуд. Андозаи нафақа дар ҳафт соли охир дар кишвар 6,4 баробар афзоиш ёфтааст.
«Дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф,-таъкид шудааст дар Паёми Президент,-дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад».
Президенти мамлакат изҳор намуд, ки «…мактабу маориф инчунин омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошад, зеро ҷаҳони пуртазоди имрўза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд».
Дар Паём ба мақоми омўзгор баҳои баланд дода шудааст. «Омўзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад,-зикр шудааст дар Паём,-ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омўзгор вобастагии зич дорад».
Президенти мамлакат дар Паём аз қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав (соли 2013) ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар ин қонун нахустин бор ба мақоми омўзгор боби алоҳида бахшида шуд, ки тибқи  он ба омўзгорон имтиёзҳои зиёде пешбинӣ гардидааст. Президент аз масъулини Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ талаб намуд, ки иҷрои бечунучарои муқаррароти мазкурро таъмин созанд. Президенти мамлакат омўзгоронро дилпур сохт, ки минбаъд низ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии соҳаи маориф ва мақому манзалати омўзгор дар ҷомеа ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонанд, зеро «омўзгорон тарбиятгарони наслҳои ояндасози миллат ва давомдиҳандагони анъанаву суннатҳои пурифтихори миллии мо мебошанд».
Азбаски «маориф соҳаи ояндасози ҳаёти кишвар мебошад, бо мақсади ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас ва ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаи маориф ва беҳтар гардонидани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф дар 7 соли оянда ҷудо намудани 27 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
«Исбот гардидааст, ки дар замони муосир пешрафти иқтисодии ҳар як кишвар,-омадааст дар Паём,-аз сатҳи фаъолият ва дараҷаи тарбияи кадрҳо дар мактаби олӣ вобастагии зич дорад». Бе тардид ин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва роҳандозӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот тамоми имкониятҳои худро истифода менамояд. Яке аз дастовардҳои муҳими Ҳукумати мамлакат ин эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар давлатҳои аврупоист.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро муваззаф гардонид, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар ҷараёни таълим ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омўзанд, нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ гардонанд ва то соли 2020 гузариш ба меъёрҳои таҳсилотро таъмин намоянд.
Президент дар Паёмаш аз қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки бори аввал тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда мешавад, ёдовар шуд. Иброз дошт, ки ба ин кор тибқи хоҳишу дархости зиёди волидон ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи кадрҳо, инчунин пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ дар ҷараёни имтиҳоноти қабул иқдом намудаанд. Дар иртибот ба ин Вазорати маориф ва илмро вазифадор кард, ки ҳамасола рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро муайян намуда, ба аҳли ҷомеа пешниҳод намояд, то ки довталабон ихтисос ва мактаби олиро дуруст интихоб намоянд.
Президенти мамлакат дар Паёмаш иброз дошт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар қатори рушди маориф ва фарҳанг инкишофи илмро стратегияи афзалиятноки рушди миллӣ эълон намуда, барои таҳкими асосҳои моддиву техникии Академияи илмҳо ва таъмин намудани фаъолияти самараноки муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ агар дар 15 соли охир 362 миллион сомонӣ сарф шуда бошад, дар ҳафт соли оянда ба ин самт ҷудо намудани зиёда аз 600 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар баробари ин Президент муассисаҳои академиро вазифадор намуд, ки бояд бо роҳи анҷом додани кашфиётҳову ихтирооти нав, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми фаъолтар гузоранд, дар иҷрои се ҳадафи стратегии давлат-таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ нақши фаъолона дошта бошанд. Ҳамчунин олимони кишвар вазифадор шуданд, ки бо дарназардошти шароити давлати соҳибистиқлол таҳқиқ намудани таърихи пурифтихори миллат, проблемаҳои фалсафа ва адабиёту фарҳанги бою рангоранги тоҷикон, поку бегазанд нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгон шуғл варзанд.
Мунтаҳои тақозои Президент аз олимону муҳаққиқон ин буд, ки илмро ҳамқадами замон созанд, то ки илм ба халқ хизмат кунад ва ба пешрафти давлат мусоидат намояд.
Бо мақсади паст намудани шиддати бекорӣ Президент супориш дод, ки низоми ягонаи омўзиши касбии шаҳрвандони бекор, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва калонсолон, ташкили кори хонагӣ, ҳунарҳои дастӣ ва дигар намудҳои косибиро барои занону духтарони хонашин тақвият бахшанд. Таклиф намуд, ки дар тўли 7 соли оянда на камтар аз як миллион нафар шаҳрвандони мамлакат аз курсҳои бозомўзӣ ва такмили ихтисос гузаронида шаванд.
Дар доираи як вазорат муттаҳид карда шудани соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар моҳи ноябри соли 2013 ба равнақи тоза пайдо намудани яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мусоидат намуд.
Президенти мамлакат Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро муваззаф гардонид, ки дар раванди татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат фаъолияти худро дар доираи стратегияву барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ ба роҳ монда, доир ба ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани дастрасии аҳолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон, кўдакони ятиму бепарастор ба хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ мунтазам чораҷўӣ намояд.
Рақамҳо шаҳодат медиҳанд, ки агар дар 15 соли охир ба соҳаи тандурустии кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 4,3 миллиард сомонӣ ҷудо шуда бошад, ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи соҳа дар 7 соли оянда 14 миллиард сомонӣ бо ин мақсад равона мегардад.
Ҳамчунин Президенти кишвар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро таъкид намуд, ки барои таъминоти муассисаҳои тандурустӣ, хариддории таҷҳизоти муосири тиббӣ, сохтмони бунгоҳу марказҳои саломатӣ, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои мавҷудаи тандурустӣ ва тарбияи мутахассисони дорои қобилияти баланди бо техникаву технологияи навтарин коркунанда маблағҳои вофир ҷудо намоянд, то ин ки фаъолияти пурсамари муассисаҳои тиббӣ таъмин ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар карда шавад.
Чуноне ки дар Паём таъкид шудааст, дар сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи фарҳанг яке аз самтҳои муҳим ба шумор меравад, зеро имрўз дар шароити ҷаҳонишавии фарҳанг Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва падидаҳои мусбату манфии он дар канор буда наметавонад. Бинобар ин Президент таклиф намуд, ки бояд низоми нави рушди соҳаи фарҳанг ташаккул дода шавад, то ки мазмуну мундариҷаи он ба тавсеаи симои нави маънавии инсон таъсири амиқ гузошта, тафаккур, ғановати фитрӣ, маънавиёт, майлу рағбати зебоипарастӣ ва ҳунари эҷодгариву анъанаҳои бузурги фарҳангсолории халқамонро инкишоф диҳанд, ки иҷрои ин рисолати муҳими миллӣ, ҳамчунин дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон решадор сохтани ҳисси миллӣ, ватандўстиву ватанпарварӣ ва ба раванди ободониву созандагӣ даъвату сафарбар намудани мардум вазифаи аҳли зиё мебошад, зеро зиёиён посдорони нангу номуси миллӣ ва равшангарони роҳи фардои миллатанд. 
Дар Паём дар иртибот ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа омадааст, ки байни аъзои Ҳукумат имрўз шумораи занон ду баробар зиёд гардида, дар мақомоти олии намояндагии кишвар 11 нафар зан фаъолият дорад. Аз 18 300 нафар хизматчиёни давлатӣ 4315 нафар ё 24 фоизро занон ташкил медиҳанд. Дар айни ҳол танҳо дар мансабҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ 1100 нафар зан фаъолият дорад, ки аз ин 500 нафараш дар сохторҳои роҳбарикунандаи вазорату идораҳо кор мекунад. Имрўз аз 193 000 нафар маорифчиён 54,9 фоиз ё қариб 106000 нафар ва дар соҳаи тандурустӣ аз 88000 нафар кормандон 66,5 фоиз ё қариб 60000 нафарашон занон мебошанд. Ҳоло қариб 30 фоизи соҳибкорони мамлакат занонанд.
Дар айни ҳол ҷавонони то 35-сола 7600 нафар ё  41,4 фоизи хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳанд ва зиёда аз 1200 нафари онҳо дар мансабҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Роҳбари давлат таъкид намуд, ки ятимони куллро дар муҳити оила тарбия кардан беҳтар ва савоби бузург аст. Таклиф намуд, ки 3500 ятимони куллро як нафарӣ ба муҳити оила фаро гирем, чӣ қадар оилаҳо соҳиби фарзанд ва хушбахт мегарданд.
Тавре ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фуроварди Паёмаш изҳор дошт, дар роҳи расидан ба ин ниятҳои нек ва иҷрои ҳадафҳои созандаамон халқи заҳматкашу матинирода, меҳнатдўсту ватанпарвар ва худшиносу сарбаланди Тоҷикистон дастгиру пуштибони мост.
 
Ҳасани Муродиён,
профессори Донишгохи давлатии 
Курғонтеппа ба номи Носири Хусрав,
доктори илми филология
 

 
 

Май 13, 2014 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар истгоҳи мошинҳои Хуҷанд толори фирмавии алоқа кушода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷавонони синни даъватӣ бо ихтисоси мутахассис-ронандаи мошинҳои гаронвазн ба хизмати Ватан мераванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуд
Роҳҳои мошингарди шаҳри Кӯлоб таҷдиду навсозӣ мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ дар Самарқанд иштирок дорад