Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар мудҳиштарин ҷанги асри ХХ
Душанбе, 5.05.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф)- Кулли мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар арафаи ҷашни 69-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 қарор доранд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ -воқеаи мудҳиш ва даҳшатноки асри ХХ аст. Ин ҷанги хонумонсӯз ҷони зиёда аз 20 миллион нафар одами Шӯравиро ба коми нестӣ бурд. Дар набардҳои шадиди ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 300 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати фаъолона дошт. Аз онҳо 54 нафараш ба гирифтани унвони Олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 нафараш ба гирифтани се ордени «Шараф» мушарраф гардиданд. 92 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷабҳаҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ барнагашт.
Тавре ки аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ ёфтем, алҳол дар ҷумҳурӣ 1134 нафар иштирокчиёни ҷанг, аз ҷумла 24 нафари онҳо занҳо мебошанд, дар қайди ҳаётанд.
Заҳматкашони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои таъмини ғалаба хизмати бузурге ба ҷо оварданд. Онҳо ба фонди мудофиа 1 миллиард сум пул ва 40 ҳазор пуд ғалла ворид намуданд. Ҳамчунин ба ҷабҳаҳо 151 вагон хӯрокворӣ, 532 ҳазор либоси гарм, 123,8 ҳазор пӯсти гӯсфанд, 93,4 ҳазор килограмм пашм, зиёда аз 25 ҳазор метр матоъ фиристодаанд.
Дар солҳои 1941-1945 саноати бофандагӣ 179 ҳазор тонна нахи пахта, 770 тонна нахи пилла, 7,7 миллион метр матои абрешимӣ истеҳсол намуд. Ҷабҳаҳо аз ақибгоҳ ҳазорҳо тонна гӯшт, меваҳои тару хушк гирифтанд.
Омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихии Ҷанги Бузурги Ватанӣ имкон медиҳад, ки ба хизматҳои ҷоннисоронаи падару бобоён ошно гардем ва ба қадри сулҳу осоиш ва тинҷию амонӣ расем.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






