Ташреҳи Паём дар ДМИТ
Душанбе, 05.05.2014. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).- Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) вобаста ба шарҳи Паёми имсолаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид. Дар он мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино Абдуҷаббор Ғафуров ва доираи васеи устодону кормандон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Тибқи иттилои котиби матбуоти ДМИТ Машҳура Абдуллоева ҳадаф аз вохӯрӣ тавзеҳу ташреҳи моҳияти Паёми имсола арзёбӣ шуд. Дар ҳамоиш ректори донишкада Ашӯрбой Солиев перомуни ҷанбаҳои мухталифи Паём гуфт, ки Паём дастур барои пеш бурдани фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ аст. Сарвари Давлат дар Паёми навбатии худ чун ҳамешагӣ ба ҷиҳатҳои рушди иқтисодии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Ашӯрбой Бегматов, номзади илмҳои иқтисод, дотсенти кафедраи молия ва муомилоти пулии донишкада Паёми имсолаи Президенти кишварро ҳамчун ҳуҷҷати муҳим арзёбӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Паём барои кишвари мо санади сарнавиштсоз ба шумор рафта, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро барои як сол муайян менамояд. Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки: «Дар ҳафт соли оянда, тавре ки аз Паём бармеояд, барои ҳалли пурраи масъалаҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар рушди афзалиятноки соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ пешбинӣ мешавад. Ба рушди соҳаҳои мазкур аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 33 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба ҳафт соли охир қариб 2 маротиба зиёд мебошад”.
Ба гуфти манбаъ, нуктаи дигаре, ки дар ҷаласа ба он таваҷҷуҳ зоҳир шуд, ин тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ва бо ихтисоси худ бо кор таъмин намудани онҳо аст, ки яке аз нуктаҳои муҳими Паём буда, масъалаи доғи рӯз ба шумор меравад. Аз ин рӯ, устодони мактабҳои олии кишварро зарур аст, ки баҳри омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ камари ҳиммат банданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






