Қабули қонуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаишахсият

Июнь 12, 2014 10:51

Душанбе,12.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии Парлумони мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият»-ро баррасӣ ва қабул намуданд. Амирқул Азимов -раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, ки ин лоиҳаи қонунро дар назди вакилон муаррифӣ карда, гуфт, ки он бо назардошти меъёр ва принсипҳои қонунгузории байналмилалӣ таҳия гардидааст. Лоиҳаи ин қонун аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон Саттор Холов, Амирқул Азимов ва Азизмат Имомов ба палатаи поёнии Парлумони кишвар ироа шудааст. Ҳадафи лоиҳаи қонуни мазкур муқаррар намудани намудҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, инчунин асосҳои ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беъэтибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ин ҳуҷчатҳо мебошад. Лоиҳаи ин қонун ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони воқеиро, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияташон ба расмият дароварда шудаанд, ҳамчунин рӯйхати пурраи маълумот ва ишораҳои дар боло зикршударо муқаррар намуда, баҳри минбаъд пешгирӣ намудани риояи талабот оид ба расмиятдарории чунин ҳуҷҷатҳо имконият медиҳад. Дар ин лоиҳаи қонун номгӯи мақомоти ваколатдори давлатие, ки ҳуқуқи коргузорӣ ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро доранд, муайян шудаанд. Ҳамзамон тартиби ивазкунии шиносномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ба ҳуҷҷатҳои намунаи нав, ки алҳол дар Тоҷикистон ҷараён дорад, барои мутобиқгардонии миқдори намудҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият шароити мусоидро фароҳам меорад. Инчунин тартиб ва барасмиятдарории ягонаи ҳисоби муҳоҷирати аҳолиро дар қаламрави кишвар, танзими равандҳои иҷтимою иқтисодӣ ва демографиро пешбинӣ менамояд. Лоиҳаи қонун аз 5 боб ва 36 модда иборат буда, он имкон медиҳад барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки бо барасмият даровардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият алоқаманданд, заминаи зарурии ҳуқуқӣ муҳаё карда шавад. Бояд тазаккур дод, ки чунин лоиҳаи қонун алҳол дар бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, назири Русия, Белорусия ва Қазоқистон амал карда истодаанд, ки он ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатӣ дар самти коргузорӣ бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ натиҷаи мусбӣ додааст.

Июнь 12, 2014 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад