Идомаи ҳисоботи телефонии раисони шаҳру ноҳияҳои Хатлон ба Президент
Душанбе, 12.06.2014 (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз дар идомаи сӯҳбатҳои телефонӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Сарбанд, Хуросон, Ёвон, Фархор, Ҳамадонӣ ва Восеъро доир ба иҷрои дастуру супоришҳои додашуда дар самти иҷрои буҷети давлатӣ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла ҷамъоварии ҳосили ғалладона, меваю сабзавот, кишти такрорӣ ва захираи маводи озуқа шуниданд.Президенти кишвар ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршуда махсусан доир ба вусъат бахшидани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ташкили корхонаву коргоҳҳои нав ва таъсис додани ҷойҳои нави кории иловагӣ супоришҳои мушаххас доданд ва таъкид намуданд, ки дар ин самт ҳамкорӣ бо соҳибкорон, хусусан соҳибкорони истеҳсолӣ ҳарчи бештар густариш дода шавад.Ҳамзамон бо ин, Роҳбари давлат аз раисони шаҳру ноҳияҳои зикршуда тақвият додани корҳои ободонӣ, тармиму азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо ва бунгоҳу марказҳои саломатиро талаб карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






