Конститутсия -дастоварди бузург дар самти давлатдорӣ

Июнь 7, 2014 09:42

Душанбе, 07.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Конститутсия низоми давлатдорӣ ва рушду инкишофи онро ба танзим медарорад. Оид ба пайдоиши низом ва шаклҳои давлатдорӣ дар асарҳои донишмандони классику муосир судя, котиби Суди конститутсионии ҶТ, номзади илмҳои сиёсӣ К. М. Каримов чунин иброз намуд: 
 Ҳанӯз дар аввалин китоб ё таълимоти фалсафию иҷтимоӣ ва динии аҷдодони мо «Авесто», мазмуни фаъолияти инсони муътақид дар сегонаи зардуштӣ: ҳумата, ҳухта, ҳварита «рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек» муайян гардида, ба «рафтори бад, гуфтори бад ва пиндори бад»-и инсони ғайримуътақид муқобил гузошта шуд.
Мафҳумҳои «азата»-олиҳиммат-донишманд ва «асна»- донишманд, аз эътибори донишманд дар ҷомеа ва ба донишмандону хирадмандон ниёз доштани аҷдодони гузаштаи мо дарак медиҳад.
Донишманди маъруфи тоҷик С. Абдуллоев ба нақши тоҷикон дар идоракунии давлат дахл карда, бо ифтихор таъкид менамояд, ки: «Пӯшида нест, ки тоҷикон аз аҳди бостон дар таъйиди муҳимтарин равандҳои таърихии машриқзамин ва бад-ин васила ҷомеаи башарӣ нақши умда ва созанда доштанд. Аз зикри далоили фаровон дар таърихи қадиму ҷадид худдорӣ варзида, фақат ин нуктаро гӯшзад меоварем, ки дастгоҳҳои муназзам ва комилиёри идорӣ, ки Сомониён бунёд ниҳоданд, дар тӯли чанд қарни баъдина барои силсилаҳои Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва ғайра сармашқ ва чароғи ҳидоят буданд».
Асарҳои Абунаср Муҳаммад ибни Тархон (Абунасри Форобӣ)-ро (853-950) зиёда 160 адад ном мебаранд, дар таҳлил ва муайян намудани мавқеи сарвари сиёсӣ, шахсият дар давлат ва низоми идоракунӣ аҳамияти калон доранд.
Дар таълимоти Форобӣ масъалаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, алал¬хусус пайдоиш ва вазифаҳои давлат, шаклҳои давлаторӣ ва некахлоқӣ мавқеи муҳим дорад. Мутафаккир такомули ҷамъиятро бо «нуфузи меъёр дар байни аъзои он алоқаманд мекунад. Хирадмандиро сифати баланди ахлоқ дониста, ягонагии онро ба рафтор ва амал, эҳтироми тарафайни аъзои ҷамъият, адолат, муҳаббат, ростгӯӣ, дурандешӣ зикр мекунад».
Абуалӣ ибни Сино чунин андеша дошт, ки паёмбар роҳбарии ҷомеаи одилона ва таъмини файзи илоҳиро дар рӯи замин ба уҳда дорад. Паёмбар барои иҷрои вазифаҳои корҳои давлатӣ бояд аз ҳисоби шах¬сони шоиста ҷонишин дошта бошад. Сарвари кишварро ӯ бо чор сифат: далерӣ, адл, ҳусни тадбир ва хирад кафш намуд.
Абуалӣ Ҳасан ибни Алии Тусӣ машҳур ба Низомулмулк (1018-1092) шахсест, ки дар ҳаёти сиёсӣ, адабӣ ва мадании халқҳои тоҷику форс бо эҷод намудани «Сиёсатнома» мавқеи босазоеро ишғол намудааст ва муҳаққиқон «Сиёсатнома»-и ӯро беҳуда дастуруламали сиёсии хонадони Салҷуқиён наменоманд.
Низомулмулк борҳо хотиррасон менамуд, ки дар кори идораи давлат мавқеи одамони донишманд, кордону бомаҳорат ва содиқу вафодор бузург аст. Баҳри амалӣ кардани чунин таълимоти худ Низо¬мулмулк чораҳои зиёде меандешид. Маҳз бо саъйи кӯшиши шахсии ӯ дар Бағдод, Нишопур, Исфаҳон ва ғайраҳо мадрасаҳо кушода, кори таълиму тарбия намудани одамони зарурӣ ба роҳ монда мешавад. Дигар ин ки вай исроркорона тавсия мекунад, ки сарварони давлат бо одамони дар асоси таълиму тарбия ва бо мурури замон ба воя расида бояд бо мулоҳизаву эҳтиёткорӣ рафтор кунанд: «Бандагоне, ки парварда бошанд ва бузург карда, нигоҳ бояд дошт, ки умре дигар аз рӯзгори мусоид бояд, то бандаи шоиста ва озмуда ба даст ояд».
А. Кримский ба фаъолияти вазири оқилу доно баҳо дода, зикр мекунад, ки «бо шарофати Низомулмулк, аз як тараф, давлати дар натиҷаи задухӯрди байниҳамдигарӣ ва тохтутози зиёди сулолаи Салҷуқиён хароб ва бесарусомон гашта каму беш ба тартиб оварда шуда бошад, аз тарафи дигар, иқтисодиёти давлат ба по гузошта мешавад».
Тибқи консепсияи конститутсионализм, назарияи таҷзияи ҳокимият ва ҳуқуқҳои фитрии инсон, мақсади қабули конститутсия- ин аз муқаррар намудани ҳадди ба амал баровардани ҳокимияти давлатӣ ва маҳдуд намудани он дар чорчӯбаи муайян ва дар вақти амалӣ намудани ҳокимият роҳ надодан ба худсарӣ нисбат ба шохаҳои алоҳидаи ҳокимият аз тарафи дигар шохаи ҳокимият, инчунин нисбат ба шахсиятҳои алоҳида иборат мебошад.
Ба андешаи А.Д. Градовский «Хусусияти асосӣ ва умумии шакл-ҳои конститутсионӣ он аст, ки онро маҳдудкунии ҳокимияти давлатӣ номи¬дан мумкин аст, ки тибқи он новобаста дар дасти халқ ё монарх ё намояндагии халқӣ будани он ин ҳокимият мутлақ намебошад».
Олимони англис Е.Уэйд ва Г. Филлипс қайд мекунанд, ки «Зери мафҳуми конститутсия одатан ҳуҷҷати дорои аҳамияти махсуси ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад, ки тибқи он асосҳои ташкилӣ ва вазифаи мақомоти идораи давлат муайян карда шуда, асосоҳои муайянкунандаи фаъли¬яти ин мақомот ташаккул меёбанд.»
Ф. Лассал дар маърӯзаи худ «Моҳияти конститутсия» қайд менамояд, ки «конститутсияи воқеии мамлакат-ин амалан таносуби қувваҳои дар мамлакат мавҷудбуда мебошад, конститутсияи навишташуда он вақт устувор аст ва аҳамият дорад, ки таносуби воқеии қувваҳои ҷамъиятиро инъикос карда тавонад.»
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар рушд ва таҳкими ҳуқуқи конститутсионӣ ва конститутсионализм нақши Эъломияи истиқлолият (1776) дар ИМА ва Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд (1789) дар Фаронса махсус қайд мешавад.
Бори аввал дар Эъломияи истиқлолият дар сатҳи санади меъёрии ҳуқуқӣ қайд гардид, ки сарчашмаи ҳокимият танҳо халқ мебошад, давлат ва ҳукумат танҳо дар он ҳолат ҳуқуқи мавҷудият доранд, ки агар онҳо ба инсон хизмат намуда, манфиатҳои ӯро ҳифз намоянд.
Масъала дар хусуси қабули санади олии ҳокимият, ки иродаи тамоми миллат ва халқро ифода карда тавонад, дар лоиҳаи амалинашудаи «созишномаи халқӣ»-и Кромвел (1653) низ пешбинӣ шуда буд, ки тибқи он шарти қабули санади олии ҳокимият аз тарафи тамоми халқ ба имзо расидани он буд.
Баъдан файласуфи франсуз Ж.Ж. Руссо нақши халқро дар ба имзо расонидани конститутсия дастгирӣ карда, тақвият бахшид. Ӯ қайд мекунад, ки муқаррар намудани конститутсия розигии ҳамаи шаҳрвандонро тақозо дорад. Он бояд натиҷаи қарори якдилона буда, бояд аз тарафи тамоми шаҳрвандон ба имзо расонида шавад ва мухолифони конститутсия дар миёни шаҳрвандон бояд хориҷиён ҳисобида шаванд.
Ин моҳияти махсуси конститутсия то имрӯз мавқеи ҳукмфармоии худро дар назария ва амалияи конститутсионӣ гум накардааст ва бо «Мо, халқи… ҳамин конститутсияро қабул мекунем ва эълон медорем», оғоз шудани тамоми конститутсияҳои олам, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасодуфӣ нест.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ба ин хусусияти муҳими конститутсия, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл карда, дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки «Хусусияти асосӣ ва муҳими Конститутсияи мазкур дар он аст, ки он на санади аз тарафи гурӯҳи одамон қабулшуда, балки аз тарафи аксарияти халқ қабул карда шудааст. Аксарияти аҳолӣ ба Конститутсия овоз доданд. Ин дастоварди бузурги мо ба ҳисоб меравад».
Дар Эъломияи франсузӣ аз 26 августи соли 1789 бори аввал қайд  мешавад, ки халқе, ки кафолати ҳуқуқ ва озодӣ ва асоси  таҷзияи ҳокимиятро намедонад, конститутсия надорад. Ғояи асосии Эъломияи зикршударо консепсияи баробарҳуқуқӣ ва озодӣ, ки ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд дахл дорад, ташкил медиҳад.
Ҳамин аст, ки Эъломия то имрӯз пояи ҳуқуқи конститутсионии фаронсавиро ташкил медиҳад. Вай дар конститутсияи Фаронса аз 4 октбяри соли 1958 тасдиқи худро ёфтааст. 16 июли соли 1971 Шӯрои Конститутсионии Фаронса Эъломияро ҳуҷҷати эътибории ҳатмии ҳуқуқӣ дошта эълон намуда, вайрон намудани онро ба ғайриконститутсионӣ будани санадҳо баробар намуд.
Соли 2003 ЮНЕСКО ҳуҷҷатро ба Феҳристи «Ёддоштҳои ҷаҳон» ворид намуд.
Конститутсия чунин санади умумии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ гардид, ки дар он муҳимтарин ва арзишмандтарин дастовардҳои афкори сиёсиву ҳуқуқии ҷомеаи башарӣ, аз қабили: бунёди давлати демократӣ, ва ҳуқуқбунёд, тақсими ҳокимияти давлатӣ, сарчашмаи ягонаи ҳокимият будани халқ, демократияи намояндагӣ, тавассути раъйпурсиву интихобот ташкил кардани ҳокимият, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрии инсон, ҳуқуқ ба моликият ва ҳифзи он, дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷомеа, дар асоси қонун таъсис ва фаъолият намудани дастгоҳи давлатӣ ва мақомоти давлатӣ, уҳдадории мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд гирд оварда шудаанд, ки он ба мафҳуми лотинии конститутсия- «барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис додан»- мувофиқ гардид.
Итоатгари қонун будан, волоияти қонунро таъмин кардан, ки мутафаккирони тамоми давру замон таъкид бар он доштанд, бо мурури замон «ба волоияти Конститутсия», «арзиши олӣ ва эътибори олии ҳуқуқӣ доштани Конститутсия», «риояи бечуну чарои Конститутсия ва мустақиман амал намудани меъёрҳои он» табдил ёфт.
Чунонки файласуф ва ҳуқуқшиноси маъруфи Юнони қадим Хилона таъкид мекард: «Итоатгари қонунҳо бош, аввалан худро шинос. Ба ҳарфи қонунҳо нисбат ба он, ки ба нотиқон гӯш медиҳӣ, бисёртар гӯш андоз, зеро беқонунӣ ба парокандагӣ ва барҳамхурии ҷамъият бурда мерасонад».
«Шоҳон ва ҳокимон мегуфт файласуфи Юнони қадим Суқрот, онҳое мебошанд, ки ҳукмфармоӣ карда метавонанд, аммо на бо роҳи зӯроварӣ, балки бо ёрии қонун».
Риояи қатъии қонунҳо аз ҷониби мутафаккири бузург, ходими сиёсӣ ва математики машҳур Пифагор некӯкории олӣ ҳисобида мешуд.
Аммо аз замоне, ки Конститутсия дар фаҳмиши имрӯза ҳамчун муҳимтарин ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ ва институти демократӣ ба фазои сиёсии иҷтимоии ҷомеаи башарӣ ворид гардид ва дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши аввалиндараҷа ва калидиро касб кард, зиёда аз 226 сол сипарӣ мегардад. Ин сана аз соли 1787 аз қабули аввалин конститутсияи навишташуда дар ИМА оғоз меёбад, ки бо қабули он конститутсия ба қонуни асосии давлат табдил ёфт.

Июнь 7, 2014 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад