Шаҳрвандон дар кадом масъалаҳо бештар арзу шикоят мекунанд?

Июнь 30, 2014 15:52

Душанбе, 30.06.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Беш аз 1130 муроҷиати шаҳрвандон дар давоми фаъолияти иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии Парлумони кишвар ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ворид гардидааст, ки аксари онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба муроҷиаткунандагон аз натиҷааш хабар дода шудааст. Ин матлаб зимни гузориши раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир ба фаъолияти палатаи поёнии Парлумони кишвар дар давраи иҷлосияи панҷум зикр гардид. Таъкид шуд, ки аз 1130 муроҷиати шаҳрвандон 452 адад муроҷиати хаттӣ буда, инчунин дар ин муддат 681 шаҳрвандон қабул карда шуданд. Аризаю муроҷиати шаҳрвандон асосан марбут ба масъалаҳои таъмини нафақа, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ, таъмини манзили зист, баҳси манзили истиқоматӣ, дастрас кардани техникаи тиббӣ, таъминот бо оби нӯшокӣ, ситонидани андоз, расонидани кӯмаки моддию молиявӣ, бозҳисобии ҳама гуна нафақаҳо, таъмин бо ҷойи кор, кӯмаки тиббию санитарӣ, дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олии кишвар ва хориҷӣ мебошанд.Теъдоди бештари муроҷиати воридгардидаи шаҳрвандон ба Парлумон ба шаҳри Душанбе 424 адад, Хатлон 239 ва Суғд 180 адад рост меояд. Инчунин дар ин давра 59 муроҷиатҳои такрорӣ, 52 муроҷиат аз маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 82 муроҷиати дастаҷамъона ба Маҷлиси намояндагон ворид гардидааст.Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки таҳлили хусусияти соҳавии муроҷиатҳо далели он аст, ки ҳанӯз ҳам дар маҳалҳо мардум ҷиҳати ҳалли баъзе масъалаҳои муҳими худ барои кӯмак ба интихобкардаҳои худ -вакилон муроҷиат менамоянд. Зеро аз мазмуни муроҷиатҳо шаҳрвандон бармеояд, на аз ҷониби ҳамаи мақомот ҷиҳати ҳалли мушкилоти шаҳрвандон муносибати зарурӣ сурат мегирад, таъкид кард, Ш. Зуҳуров. Мавсуф афзуд, ки мо кӯшиш кардем, ки муроҷиати шаҳрвандонро дар муҳлати муқарраршуда ҳал намоем ё сабаби ҳал нашудани онро бо далелҳои мушаххас нишон диҳем. Ҳамзамон дар ин давра ба Кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон 383 муроҷиат, ба шӯъбаҳои Дастгоҳ 69 муроҷиат ворид гардидааст. Ин арзу шикоятҳо мувофиқи мансубияташон барои баррасӣ ва чораандешӣ ба Ҳукумат, вазорату идораҳо, ҳукуматҳои вилоятҳо, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ ва ҳукуматҳои шаҳру ноњияҳо фиристода шудаанд.

Июнь 30, 2014 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад