Таҷлили Рӯзи кӯдакон дар Суғд
Душанбе, 02.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар боғи фарҳангӣ — фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона баргузор гардид.
Аз даромадгоҳ кӯдакону меҳмонони чорабиниро қаҳрамонҳои афсонаҳо, афсунгарон ва ширинкорон пешвоз гирифтанд.
Кӯдакону наврасони эҷодкору ихтироъкор аз муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ ва касбомӯзӣ ба меҳмонон маҳсули эҷодиёту маҳорат ва ихтирооти худро ба тамошо гузоштанд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз растаҳои намоиши маҳсули дасти кӯдакону наврасон, китобу адабиёти бачагона дидан намуда, ба иштирокдорони намоиш туҳфаҳои хотиравӣ супорид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






