«Тоҷикон бо хиради воло ба сулҳ расиданд»: Н.Зоиров

Июнь 26, 2014 10:18

  Душанбе, 26.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Назрихон Зоиров — мушовири фиристодаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон зимни мусоҳиба бо хабарнигори хабаргузории Дафтари Мутолиоти Эрон ва АвруОсиё (ИРАС)  27 июнро, ки ҳамчун Рӯзи ваҳдати  миллӣ дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, рӯзи фаромӯшнашаванда ва мунҳасир барои мардуми тоҷик унвон кардааст.
    Дипломати тоҷик гуфтааст, ки ба имзо расидани  санади таърихӣ— Созишномаи умумумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид, дастоварди бузурги тоҷикон дар масири таърих буд. Ин санад ба таъмини сулҳу субот, ваҳдату ризоият ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистон нақши муасссир гузошт. Инчунин нақши муассири Эронро дар имзои ин Созишнома ва тақвияти рӯзафзуни ҳамкориҳои ду кишвари ҳамзабонро дар соҳаҳои мухталифро махсус таъкид намудааст.
    Мушовири фиристодаи Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон дар идомаи суҳбат бо дахли аҳамияти ин санади сарнавиштсоз зикр кардааст, ки Созишномаи истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон саҳифаи наверо дар таърихи истиқоли Тоҷикистон боз намуд. Н. Зоиров тоҷиконро миллате бо хиради воло ва фидокору бо шараф унвон намуда, гуфтааст,ки имрӯз дар баъзе нуқоти доғи сайёра, ки ба даргириҳои низомӣ мувоҷеҳанд, метавон барои субот аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон истифода кард. Ҳамзамон дипломати тоҷик ба  пешрафтҳои Тоҷикистон ишора намуда, таъкид кардааст, ки мардум ва давлатмардони тоҷик бо шукргузорӣ аз  сулҳи деринтизор ба кори ободонию созандагӣ машғуланд ва тавонистанд дар кутоҳтарин муддат  кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намуда, чандин тарҳҳои ободониро ба анҷом расонанд.  
 

Июнь 26, 2014 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст