6 созишнома бо маблағи умумии 53,4 млн. доллари ИМА

Июль 29, 2014 16:15

Душанбе, 29.07.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 29 июл дар Душанбе доир гардид. Тавре, ки ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи сармоягузорӣ иттилоъ доданд, қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2014 ум 6 созишномаи нав бо маблағи умумии 53,4 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд. Маҷмўи лоиҳаҳо зиёда аз 10 соҳаҳои гуногуни иқтисодиётро дар бар мегиранд. Воридоти сармояи мустақими хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 млн. доллари ИМА ва воридоти дигар намуди сармоягузориҳо ба 66,8 млн. доллари ИМА зиёд шудааст.Дар ин давра, аз ҷумла, созишномаи сармоягузорӣ бо Ширкати «Хели»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо ҷалби то 500 млн. доллари ИМА, созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «ККН-РЕГАР» дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар минтақаи саноатии шаҳри Турсунзода, созишномаи сармоягузорӣ бо Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой оид ба коркарди маҷмуии захираҳои кони Зарнисори Шимолӣ (сармоягузорӣ дар ҳаҷми 200 млн. доллари ИМА) ба имзо расиданд.Ба рушди бахши соҳибкорӣ диққати даркорӣ дода шуд. Қарзи имтиёзнок барои соҳибкорон дар ҳаҷми 33 млн. ҷудо карда шуд. Шумораи соҳибкорони ба истеҳсолот машғулбуда афзуд.Дар ин давра 1728 шартномаи иҷораи моликияти коммуналӣ баста шуда, аз ин ҳисоб ба буҷетҳои маҳаллӣ 4,26 млн. сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2013 1,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.Маблағи умумии ба буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва ба иҷора супоридани моликияти коммуналӣ воридгардида 12,7 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати нишондиҳандаи нимсолаи якуми соли 2013-ум 3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ 15,4 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ворид шудааст, ки нисбати иҷрои нақшаи шашмоҳаи соли ҷорӣ 430 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Июль 29, 2014 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд