Вазифаи нави Абдураҳмон Қодирӣ

Июль 24, 2014 10:53

Душанбе, 24.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд (ФФС) интихоб гардид. Ин қарор дар конфронси ғайринавбатии интихобии Федератсияи футболи вилоят ба тасвиб расид. Дар конфронс асосан ду масъала -интихоби раис ва муовини ФФС мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Ҳамчунин Рустам Марофиев — муовини раиси ФФС интихоб гардид. Боиси қаноатмандист, ки аз соли 2013 инҷониб чемпионати вилояти Суғд мақоми лигаи якумро гирифт ва айни замон дар он 12 даста иштирок менамояд. Ҳамчунин дар лигаи олии кишвар се дастаи вилоят “Хуҷанд” — и шаҳри Хуҷанд, “Далерон-Уротеппа” — и шаҳри Иставрашан ва “Парвоз” — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳунарнамоӣ доранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Июль 24, 2014 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд