Ҷаласа дар ҳузури Давлаталӣ Саид
Душанбе, 15.08.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Кори ҷаласаро Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид – Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ оғоз намуд.
Дар кори ҷаласа, қайд гардид, ки Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти худро бояд пурзур намуда, барои ҳаллу фасли мушкилотҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар чораҳои дахлдор андешад.
Инчунин дар кори ҷаласа мушкилоту монеаҳои рушди минбаъдаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ бараси гардида таъкид гардид, ки мақсад аз таъсиси Шӯро ин ба беҳбуд бахшидани иктисодиёти кишвар равона гардидааст ва густариши робитаҳои савдоию истеҳсолӣ тавассути бозорҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодии наздисарҳадӣ яке аз ҳадафҳои асосии Шӯрои нозирон ба ҳисоб меравад.
Дар рафти ин ҷаласа маълумоти масъулин дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» шунида шуд.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






