Ҷарроҳони Олмон ба Тоҷикистон меоянд

Август 22, 2014 11:50

Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар», Елена  Батенкова). – «Мо  барои   рушду  тақвият бахшидани  ҳамкориамон  тирамоҳи  соли  ҷорӣ  табибони  Олмонро  ба  Тоҷикистон   даъват  карданием.  Ҷарроҳони  ин  кишвар   дар  доираи  сафарашон  чандин  амалиёти мураккаби  ҷарроҳиро  анҷом  медиҳанд», — гуфт  зимни  суҳбат бо  хабарнигори АМИТ «Ховар»  мудири   шуъбаи ҷарроҳии пластикии  Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дил ва рагҳои  хун Абдумалик  Давлатов.
Мувофиқи  суханони   Абдумалик  Давлатов, аз  ин  пеш  ҳамаи  мутахассисони  шуъба барои таҷрибаомӯзӣ ба  Федератсияи  Русия,  Австрия,  Олмон ва  Амрико  сафар  карда буданд.
Табибони  Олмон  дар  ҷараёни  сафарашон  чандин  амалиёти  ҷарроҳии  нодирро  анҷом  медиҳанд. 
Ба  гуфтаи Абдумалик  Давлатов, алҳол  дар  шуъбаи  ҷарроҳии  пластикӣ  беш  аз  200  намуди ҷарроҳии  таъҷилӣ  рӯи  кор оварда  мешавад. 
Мудири  шуъбаи  ҷарроҳии  пластикӣ  дар  мавриди  рушди  соҳаи  ҷарроҳӣ  иброз  дошт, ки  имрӯз  шаҳрвандони  Тоҷикистон  барои бархурдор  шудан аз  хидмати ҷарроҳони  бахши  пластикӣ ҳоҷати рафтан  ба хориҷаро  надоранд. 
«Имрӯз  дар  шуъбаи  мо ҳамаи  намудҳои  амалиёти  ҷарроҳии  пластикӣ сурат  мегиранд», —  афзуд Абдумалик  Давлатов,

Август 22, 2014 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад