Дастовези «Адиб» ба ҷашни Истиқлол
Душанбе, 16.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ба истиқболи ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти «Адиб» маҷмӯи китобу асарҳои шоирону нависандагони шинохтаи тоҷикро мунташир намуд. Романи «Беҳзод»-и нависандаи Халқии Тоҷикистон Шодон Ҳаниф, «Фасли саҳар»-и нависандаи зиндаёд Сайф Раҳимзоди Афардӣ, инчунин маҷмӯаи шеърҳои шоираи шинохта Фарзонаи Хуҷандӣ «Дарёи сӯзон» аз ҳамин қабил аст. Фарҳод Каримов- директори нашриёти «Адиб» дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки нашри осори мунтахаби нависандаи Халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, «Санги маҳак ва тарозуи ҳунар»-и нависандаи Халқии Тоҷикистон Абдуҳамид Самадов беҳтарин очерку мақола ва ёддоштҳоро дар бар мегиранд. Ҳамзамон бори нахуст нашриёти «Адиб» мунтахаботи ғазалиёти шоири оламшумули тоҷик Ҷалолиддини Балхиро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфоти арабӣ дар як ҷилд бо сифати аъло чоп намуда, пешкаши дӯстдорони ашъори Мавлавӣ гардонид.








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






