Интихоби лоиҳаҳои афзалиятнок

Август 28, 2014 15:21

 
Душанбе, 28.08.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — То санаи 1 августи соли 2014 ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” бештар аз 123 лоиҳаи тиҷоратии субъектҳои соҳибкорӣ ворид гардидааст. Аз ҷумла ба шаҳри Душанбе 5 адад, вилояти Суғд — 23, вилояти Хатлон — 5, ВМКБ — 19 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 25 адад рост меояд. Дар ин бора чанде қабл дар ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» иттилоъ дода шуд. 
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо назардошти имкониятҳои молиявии Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» ва ба талаботҳои қарзгирӣ ҷавобгӯ будани якчанд лоиҳа дар ҷаласаи Шӯро 18 лоиҳаи аз нигоҳи иқтисодӣ афзалиятнок, ки аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” мавриди омӯзиш ва баҳогузорӣ қарор дода шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз ин шумораи лоиҳаҳои пешниҳодгардида тибқи овоздиҳӣ 9 дархости субъектҳои соҳибкорӣ оид ба ҷудо намудани маблағҳои қарзӣ барои амалӣ намудани нақшаҳои тиҷоратӣ, ки аз нигоҳи иқтисодӣ афзалиятнок буданд, бо ҷудо намудани 3,740 ҳазор сомонӣ  маблағи қарзӣ аз ҳисоби Фонд дасгирӣ гардид.

 

Август 28, 2014 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад