Мошиндузд дастгир шуд
Душанбе, 16.08.2014. (АМИТ «Ховар»).-14-уми августи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Бахтиёр Ҷалилов, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар ҷинояти дуздӣ дастгир шуд. Муайян гардид, ки дастгиршуда шаби 28 ба 29-уми июли соли ҷорӣ аз назди хонаи истиқоматӣ бо тариқи пинҳонӣ, мошини тамғаи “ДЭУ-Лассети”, рақами давлатиаш 82-88 АТ 01-ро, ки ба шаҳрванд Фирӯза Сайфиддинова, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






