Муҳимтарин ахбори олам
Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои шабакаи телевизионии Рашн-Тудей Ҳукумати Амрико барои хабарнигори кушташудаи амрикоӣ Ҷеймс Фоли ва озод кардани дигар гаравгонҳо аз асорати ҷангҷӯёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Сурия қарор баровардааст.
Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки дар шабакаи интернетии Би-Би-Си навишта шудааст, шоми дирӯз се фармондеҳи баландрутбаи исроилӣ дар як ҳамлаи ҳавоии дар шаҳри Рафаҳ дар ҷануби Навори Ғазза кушта шудааст. Шӯрои Амнияти Созмони Милал аз шуруъи дигарбораи ҷанг байни фаластиниёну Исроил изҳори нигаронӣ кардааст.
Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар»).-Хабаргузории Ройтерз рӯзи панҷшанбе, 21 августи соли равон иттилоъ дод, ки Эрдуғон ҳалли масъалаи Фатҳуллоҳ Гулен, аз раҳбарони пурнуфузи динии Туркия, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад, раванди сулҳ бо курдҳо ва Қонуни асосии нави Туркияро аз авлавиятҳои ҳукумати Аҳмад Довудуғлу унвон кардааст. Эрдуғон гуфтааст, ки агар ҳайати кунгураи ҳизби ҳоким вайро таъйид кунад, Аҳмад Довудуғлу курсии нахуствазириро ба уҳда хоҳад гирифт.
Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз Президенти Иёлоти Мутаҳидаи Амрико Барак Обама ба тамоми васоити ахбори оммаи кишвараш гуфт, ки ҳодисаи сарбурии журналист бо дасти ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» тавассути наворҳои видеоӣ дастраси ҳамагон шуда, тамоми ҷаҳон аз ҳодисаи қатли журналисти амрикоӣ Ҷеймс Фоли даҳшатзада шуданд.
Президенти Амрико «Давлати исломӣ»-ро ба вожаи “саратон” шабоҳат дод, ки “идеологияи он оянда надорад”. Ва низ қайд намуд, ки ба хотири ҳимояти мардумаш бо тундгароҳо мубориза хоҳад бурд ва ҳар кореро, ки бояд бикунад, анҷом хоҳад дод. Ӯ гуфт, ки барои «Давлати исломӣ» дар қарни 21 “ҷой нест”.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






