Неъматулло Эмомзода ба Муҳаммад Ҷавод Зариф эътимоднома супорид

Август 28, 2014 16:10

Душанбе, 28.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- 27 августи соли 2014 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф нусхаи Эътимодномаро супорид.
Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф аз муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ёдовар шуда, зикр намуд, ки Тоҷикистон барои Ҷумҳурии Исломии Эрон шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. 
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои рушду таҳкими  минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон, инчунин омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки он дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (11-12 сентябри соли 2014) табодули назар намуданд.
Вазири корҳои  хориҷии Эрон аз таъйин шудани сафири нави Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, таъкид кард, ки барои беҳтар шудани ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба имкониятҳои зиёд вуҷуд доранд. Инчунин ӯ соли раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхайро мусбат арзёбӣ намуда, ҷойгоҳи ин созмонро дар минтақа муҳим арзёбӣ намуд.
 
 

Август 28, 2014 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад