Президент бо соҳибкорону сармоягузорон мулоқот менамояд

Август 28, 2014 14:43

 
               Душанбе, 28.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нимаи аввали моҳи октябр  дар Душанбе бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ мулоқот менамояд. Дар доираи ин мулоқот моҳи октбяри соли равон дар Душанбе нахустин Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 таҳти унвони «Соҳибкори муҳаррики иқтисодиёт» баргузор мегардад.
        Форуми мазкур тибқи супориши Сарвари давлат, ки дар ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ  30 май садо дода буд, гузаронида мешавад.
       Аз котиботи  Шӯрои машваратии назди Президенти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз баргузории нахустин Форуми иқтисодию сармоягузорӣ рушду тавсеаи соҳибкорӣ,  сармоягузорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт, ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  ва соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
      Дар мулоқот  ва Форум роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, сармоягузорон ва соҳибкорони ватанию бурунмарзӣ, роҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалию молиявӣ иштирок хоҳанд кард.
Соҳибкорон ва сармоягузорон метавонанд пешниҳодоти худро вобаста ба рушди соҳибкорӣ ва проблеамву монеаҳои он, тариқи сомонаи www.gki.tj ва www.investmentcouncil.tj пешниҳод намоянд. 

 

Август 28, 2014 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад