Сокинони вилояти Суғд ба кори мавсимӣ сафарбар шуданд

Август 22, 2014 10:35

Душанбе, 22.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар  вилояти Суғд сафарбаркунии навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор роҳандозӣ шуд. Дар моҳи июли соли равон  ҶДММ «Нақлиёт» ва СИ «Маҳмудов» сокинони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Хуҷанд, Ҷ.Расулов, Исфара ва Аштро  ба вилояти Тюмен ва шаҳри Сургут  сафарбар намуданд.
Ҳамчунин моҳи  августи соли ҷорӣ ҶДММ «Нақлиёт» 10 — нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба шаҳрҳои Сургут ва Екатеринбург фиристод.
Тибқи шартномаи меҳнатӣ, муҳоҷирон вазифадоранд муддати як сол дар Федератсияи Русия фаъолияти меҳнатӣ намоянд.
Дар ин радиф ҶДММ «Умури меҳнатии ихтиёрии ҷавонон» низ 60 нафар сокини вилояти Суғдро дар вилояти Маскав бо кори мавсимӣ таъмин намуд.
Дар ин бора аз шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ хабар доданд.

Август 22, 2014 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад