Ҳамоиши муфиди илмӣ дар Чин
Душанбе, 08.09.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Дар Донишгоҳи Синзяни Ҷумҳурии мардумии Чин, ки имсол 90-солагии худро ҷашн мегирад ва яке аз донишгоҳҳои маъруфи мамлакат ба шумор меравад, ҳамоиши 4-уми байналмилалии «Таҳқиқоти минтақавии Осиёи Марказӣ, Осиёи Ғарбӣ ва омӯзиши байналмилалии забони чинӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш донишмандон ва устодони беш аз 20 донишгоҳ ва муассисаҳои илмии Чин ва кишварҳои Осиёву Аврупо ширкат варзиданд. Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ аз ҷониби меҳмонони ҳамоиш узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини саркотиби АИ ҶТ Мирзо Муллоаҳмад суханронӣ намуда, ба ташкилкунандагони ин ҳамоиши пуршукӯҳи илмӣ изҳори сипос кард ва аз номи донишмандони тоҷик «Девони мусаввар»-и устод Рӯдакиро ба роҳбарияти донишгоҳи мазкур ҳамчун дастовез ҳадя дод. Ӯ ҳамчунин дар мавзӯи «Маркази илмиву тарҷумаи «Байтулҳикмат» ва мақоми он дар гуфтугӯйи тамаддунҳои Шарқ ва Ғарб суханронии илмӣ намуд. Ӯ зимни баррасии маркази мазкур ва нақши он дар тарҷума ва тарғиби осори донишмандони Юнони Қадим ба забонҳои шарқӣ, масъалаи омӯхтани суннатҳои маркази мазкур ва истифодаи оқилонаи онҳо дар замони муосир пешниҳод намуд.
Дар ҳамоиш донишмандон ва устодон аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва аз дигар донишгоҳҳову муассисаҳои илмии худи Ҷумҳурии мардумии Чин сухан карданд. Ширкаткунандагони ҳамоиш ба шаҳри бостонии Турфон сафар намуда, бо ёдгориҳои таърихии он ошно шуданд. Ҳамоиши мазкур, бешубҳа, барои баррасии масъалаҳои мубрами таърихӣ ва вазъи кунунии минтақаи Осиё хеле судманд буда, барои таҳкими робитаҳои илмии кишварҳои гуногуни олам мусоидат менамояд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Академияи илмҳои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






