Бинои суди Шоҳмансур ба истифода дода шуд
Душанбе, 8.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Бинои суди ноҳияи Шоҳмансур ва толорҳои судӣ барои ноболиғон баъди таъмири асосӣ 6 сентябри соли 2014 ба истифода дода шуд.
Дар маросими мавриди истифода қарор додани бино, муовини раиси Шӯрои адлияи кишвар Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ҳозиринро бо ҷашни 23-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик намуда, аз ҷумла зикр кард, ки бо баракати Истиқлолият дар Тоҷикистон самти созандагиву ободкорӣ бо мароми ояндабинона тавре роҳандозӣ гардидааст, ки кишвари маҳбубамон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ташаббускор, некхоҳ, сулҳпарвар ва тамаддунсоз шинохта шуда, пайваста ба дастовардҳои беназир ноил мегардад ва пояҳои ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд устувор гардида, мардуми тоҷик ба сўи музаффариятҳои бузург қадам мезанад.
Боиси тазаккур аст, ки тақвият бахшидан ба масъалаҳои ташкилӣ, яъне таъмини сатҳи зарурии шароити моддию техникӣ ва ташкилии судҳо аз омилҳои мустақилияти суд маҳсуб ёфта, тўли солҳои охир биноҳои судҳои ноҳияҳои Шӯрообод, Шаҳристон, Восеъ, Нуробод, Ванҷ, Шуғнон аз нав сохта, бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида, ба истифода дода шуд ва рўзҳои наздик бинои суди шаҳри Роғун низ ба истифода дода хоҳад шуд. Инчунин бинои судҳои шаҳрҳои Исфара, Турсунзода, Истаравшан ва имрўз бинои суди ноҳияи Шоҳмансур бо маблағгузории якҷояи Шўрои адлия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур аз таъмири асосӣ бароварда мавриди истифода қарор дорад.
Роҳбарияти Шӯрои адлия ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, намояндагони ЮНИСЕФ, аҳли мутахассисони дар корҳои таъмиру тармим ширкатдошта, ҷиҳати омода намудани бинову утоқҳои кории равшану озода арзи сипос намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






