Д. Назаров дар Инчон медали тилло гирифт

Сентябрь 29, 2014 10:21

Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Варзишгарони тоҷик дар 9 рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар 11 намуд-бокс, вазнбардорӣ, варзиши сабук, волейболи соҳилӣ, гӯштини озод, дзюдо, камонварӣ, тирандозӣ, ушу, футбол ва шиноварӣ ширкат карда, 2 медал (1 тилло ва 1 нуқра) ба даст оварданд.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Дарвоқеъ, ин аввалин медали Тоҷикистон  дар Бозиҳои XVII осиёӣ ба шумор меравад. Дилшод Назарови 32-сола барои севумин бор дар Бозиҳои осиёӣ ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Залимхон Юсупов дар сабқати гӯштини озод дар вазни то 65 килограмм рақибонаш Улуғмон Маматов аз Қирғизистон, Ихтиёр Наврӯзов аз Ӯзбекистон ва Томотсугу Ишида аз Ҷопонро шикаст дода, ба финал баромад. Вале дар даври ниҳоӣ аз Ёгешвар Дутт аз Ҳиндустон мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт. 
Дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ варзишгарони тоҷик боз аз рӯи бокс, варзиши сабук, гӯштини озод, гӯштини юнониву румӣ, каратэ, қаиқронӣ, софт теннис ва таэквондо ВТФ рақобат мекунанд
 

Сентябрь 29, 2014 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд