Конститутсия -таҳкимбахши пояҳои истиқлолият

Сентябрь 8, 2014 10:41

Душанбе, 08.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-9 сентябр мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Президенти кишвар дар Паёми телевизионии хеш тамоми мардуми Тоҷикистонро  бо ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфта, аз ҷумла, чунин гуфт: «Мо имсол ҷашни истиқлолро дар остонаи санаҳои бисёр муҳими таърихӣ, яъне 20 — солагии қабули бахтномаи халқамон — Конститутсия, 20 — солагии яке аз рамзҳои муқаддаси давлатамон — Суруди миллӣ ва 600 — солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ истиқбол мегирем».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои истиқлолият ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд.
Бист сол аст, ки Суруди миллии мо дар саросари Тоҷикистон ва берун аз хоки он дар маросиму чорабиниҳои сатҳи олӣ ва дигар маъракаҳои муҳим баланд садо медиҳад ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
«Мо дар муддати 23 соли истиқлолият тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон равона созем»,-зикр намуд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
 

Сентябрь 8, 2014 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст