М. Убайдуллоев бо сафари расмӣ ба Русия меравад

Сентябрь 16, 2014 09:22

 
Душанбе, 16.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Омодагиҳо ба Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия:неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» дар меҳвари мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва Игор Лякин-Фролов -Сафири Фавқулода ва Мухтори Русия дар Тоҷикистон қарор дошт.
  Дар мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба тақвияти равобити ҳасанаи Тоҷикистону Русия дар бахшҳои мухталиф, хусусан байнипарлумонӣ матраҳ гардида, мусоҳибон зарурати тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишварро таконбахши робитаҳо арзёбӣ   намуданд.
   Бояд тазаккур дод, ки  Форуми байнипарлмонии  «Тоҷикистону Русия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» 22-25 октябри соли равон дар шаҳр ва вилояти Маскави Русия баргузор мегардад. Ҳамоиши мазкур ҳамчун институти нави муносибатҳои байнипарлумонӣ дар самти ҳамкориҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия аз соли 2006 инҷониб гузаронида шуда, рисолати худро ҷиҳати рушди муносиботи ҳасанаи байнипарлумонии Тоҷикистону Русия иҷро менамояд.
     Интизор меравад, ки дар доираи баргузории Форуми мазкур раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо сафари расмӣ озими Федератсияи Русия гардад. 

 

Сентябрь 16, 2014 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад