Омӯзиши ҳунарҳои миллӣ дар ДДХ

Сентябрь 24, 2014 12:01

Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Б.Ғафуров  тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон, аз ҷумла рушди  қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, косибӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ дар назди Парки технологии донишгоҳ сехи дӯзандагӣ ва омӯзиши ҳунарҳои миллиро  ба роҳ монад.
Тавре ки аз Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ иттилоъ доданд, яке аз ташаббускорони ин иқдоми шоиста донишҷӯи соли сеюми ихтисоси технологияи шуъбаи ғоибонаи факултаи физика ва техникаи донишгоҳ Махсуна Нуъмонова мақсади  кушодани сехи мазкурро дар эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ ва аз байни донишҷӯён бозёфти истеъдод дар самтҳои гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ ва алалхусус қолинбофии дастӣ мебинад. 
Ҳадафи асосии эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пеш аз ҳама, бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарони бекор ва хонашин, кам кардани сафи занони муҳоҷир, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии падидаҳои номатлуб байни наврасон ва занону духтарон ва ба ин васила муаррифии ҳунарҳои миллӣ дар замони нави таърихӣ аст. Аз таърих маълум аст, ки занону духтарони тоҷик дар хонаҳо бо дӯхтани сӯзаниву гулдӯзӣ, зардӯзиву қолинбофӣ машғул гардида, рӯзгорашонро пеш мебурданд. Ва имрӯз низ ҳар як бонуи тоҷик аз ин санъат бояд бохабар  бошад.  
Баҳри амалӣ намудани ин иқдоми нек аз тарафи ректори донишгоҳ Ғафурҷон Усмонов шароити лозимӣ ва кофӣ ҷиҳати ба фаъолият оғоз намудани сехи дӯзандагӣ ва омӯзиши ҳунарҳои миллӣ муҳайё шудааст. Гуфта мешавад, ки дар рӯзҳои наздиктарин ин коргоҳи таълимӣ ифтитоҳ мешавад.

Сентябрь 24, 2014 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад