Тақдими дипломҳои сурх дар Рӯзи дониш

Сентябрь 2, 2014 08:58

Суғд, 2.09.2014. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи дониш бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, волидону устодон ва муҳассилин бошукӯҳ таҷлил гардид.
Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯрабоев донишҷӯёнро бо фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрик гуфт. Муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов,  муовини сардори раёсати ташкили назорати давлатӣ ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилоти Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Тақдиршо Тақдиров номаҳои шодбошии раиси вилоят ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати оғози соли нави таҳсил ба аҳли нишаст расониданд. 
Имсол донишгоҳро 1225 нафар хатм карда, соҳиби дипломи тахассусӣ ва 98 нафар сазовори дипломи сурх шуданд. Ба хатмкунандагони аълохон дар вазъияти тантанавӣ дипломҳо  супорида шуданд.
 

Сентябрь 2, 2014 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад