Таҳлили натиҷаҳои даъвати баҳории соли 2014

Сентябрь 26, 2014 10:14

Душанбе, 26.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар  пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳии мамлакат вобаста ба омодагии сафарбарӣ, даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар самтҳои фаъолият ҳафтаи равон ҷамъомади методӣ-таълимӣ доир гардид.
Ҷамъомади таълимии комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳии мамлакат, бо нишон додани ҳимояи хеш дар задухӯрдҳои тан ба тан бо усулҳои шарқӣ оғоз гардид.
Вазири  мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо вобаста ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ дар самти боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ сухан гуфта, аз иштирокчиёни он, оид ба омӯзиши мавзӯъҳои дар ҷамъомад пешбинишуда, муносибати ҷиддиро талаб намуд.
Ҳамзамон, вобаста ба таҳлилу натиҷаҳои даъвати баҳории соли равон ва монеаю мушкилоти ҷойдошта, дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъватии шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ шуд. Таъкид гардид, ки шумораи ҷавонони синни соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз байни ҷавонони ҳамаи табақаҳои аҳолии кишвар беҳтаринҳо ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шаванд. 
Афсарони  масъули Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба мавзӯъҳои омодагии сафарбарӣ, қарори дахлдор қабул намудан ҳангоми мудофиаи ҳудудӣ, самаранок истифода намудани захираҳои эҳтиётӣ, аз қабили ҳайати шахсӣ, техникаҳои хоҷагии халқ, сафарбарии онҳо ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба ҳимояи ҳудудиро, ки дар сурати хатарҳои эҳтимолӣ ва ё воқеӣ ба миён меояд, мавриди омӯзиш қарор доданд. Дар даври ниҳоии машғулиятҳо иштирокчиёни он аз рӯи мавзӯъҳои муайяншудаи ҷамъомади мазкур санҷиш супурданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти  Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
 

Сентябрь 26, 2014 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад