Тоҷикистон раёсатро ба Русия таҳвил медиҳад
Душанбе, 11.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Соли равон раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти шиори «Ҳамкорӣ, рушд ва рифоҳи муштарак» ҷараён дошт, бо баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе ба поён расида ва раёсат дар ин созмони бонуфузи рушдёбанда ба Русия таҳвил мешавад
Назар ба иттилои Абдулфайз Атоев -сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи асосӣ ва калидии худро ба ҳайси кишвари раёсаткунанда дар Созмони ҳамкории Шанхай қабл аз ҳама дар пешбурди минбаъдаи ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ дар ҳошияи ин созмон муайян кард ва саъю талош дошт, то ин ҳадафҳо амалӣ гарданд. Мавсуф зикр кард, ки дар ин давра таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе маҷмӯи чорабиниҳои муҳим баргузор гардид.
Интизор меравад, ки дар кори ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай сарони 10 кишвар, 2 вазири корҳои хориҷӣ роҳбарони 7 созмони минтақавию байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.Ҷиҳати дар сатҳи баланд инъикос намудани Саммити сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 500 нафар хабарнигори ватанию хориҷиро сабти ном кардааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи баргузории Саммити сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай Ҳасани Рӯҳонӣ -Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сафари расмӣ ва Си Ҷинпин — Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сафари давлатӣ ба Душанбе- пойтахти Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Абдулфайз Атоев афзуд, ки Эрон ва Чин барои Тоҷикистон шарикони стратегӣ маҳсуб ёфта, ҳар ду кишвар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса доранд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






