Ҷаласа аз рӯи масоили амният

Октябрь 16, 2014 12:18

Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар»). – Аз  16  то  17  октябр  дар  шаҳри Санкт – Петербург ҷаласаи  комиссияи  доимии Ассамблеяи байнипарлумонии  давлатҳои  узви Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил  аз  рӯи  масоили  мудофиа  ва  амният   баргузор  мегардад. 
Тавре  ки  парлумони  кишвар   хабар  медиҳад, дар  кори  ҷаласа  вакилони  парлумон – аъзои  Ассамблеяи  байнипарлумонии   ИДМ,  муаллифони  лоиҳаҳои  ҳуҷҷатҳо  ва  коршиносон  иштирок  менамоянд. Парлумони  Тоҷикистонро   дар  ҷаласа  раиси  кумитаи  Маҷлиси  намояндагон  оид ба  мудофиа  ва  амният  Амирқул  Азимов намояндагӣ мекунад. 
Дар  ҷараёни  кори  комиссия масоили тарҳрезии  лоиҳаҳои  қонун «Дар  бораи  муқовимат  ба   пулшӯӣ,  маблағгузории  терроризм  ва паҳн  кардани  аслиҳаи  қатли ом»,  лоиҳаи  стратегияи  таъмини   амнияти   иттилоотии давлатҳои  аъзои ИДМ  муҳокима  мешавад. 
Ғайр аз  ин  муҳокимаи   лоиҳаҳои   марбут ба шарҳи  қонун «Дар  бораи  амнияти  сарҳадот» қонунҳои  намунавӣ «Дар  бораи тарбияи  ватандӯстӣ» ва «Дар  бораи абадӣ  гардонидани  хотираи  ҳалокшудагон  ҳангоми муҳофизати  Ватан»,  тавсияҳо  перомуни  такмили  қонуни   давлатҳои   узви  ИДМ  дар  бахши  муқобилат  ба  терроризми  технологӣ  ва  тавсияҳо  барои  кормандони  мақомоти  салоҳиятдор ҷиҳати  муқовимат  ба  гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддири  давлатҳои   аъзои  ИДМ  дар  назар  аст. 

Октябрь 16, 2014 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад