Бузургдошти 700-солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дар Теҳрон
Душанбе, 28.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- 25 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон бо ҳузури мақомоти масъул, шахсиятҳо, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, фарҳангиён ва донишмандон ҳамоиши байналмилалии 700-солагии зодрӯзи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ — мутафаккир, шоир ва олими барҷастаи форсу тоҷик баргузор гардид. Ин ҳамоиш бо ибтикор ва талоши Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон доир шуд ва дар ибтидои маросим Суруди миллии Тоҷикистон садо дод.
Сипас, сабти видеоӣ аз оромгоҳи ин орифи раббонӣ дар шаҳри Кӯлоб бо шарҳи муфассал ҳамроҳ бо мусиқии тоҷикӣ пахш гардид, ки барои аҳли нишаст мақбул афтод. Дар идома, Абӯзари Иброҳимии Туркмон — раиси Созмони фарҳангии ҶИЭ, Неъматулло Эмомзода — Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, профессор Ифтихор Ҳусейн Ориф — раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО), Саидободӣ — мудири кулли минтақаии ЮНЕСКО, Муҷтаҳиди Шабистарӣ — раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон дар бораи ҷойгоҳ ва мақоми ин шахсияти илмӣ ва фарҳангӣ сухан гуфтанд.
Неъматулло Эмомзода зикр намуд, ки оромгоҳи ин шайхи бузург дар Тоҷикистон зиёратгоҳи хосу ом аст ва давлати Тоҷикистон барои ҳифзу посдошти мероси ин олими барҷаста талошҳои фаровон ба харҷ дода ва медиҳад. Аз ҷумла, дар рӯи пули миллии 10 сомонӣ шеъри машҳури Мирсаид Алии Ҳамадонӣ:
«Ҳар кӣ моро ёд кард, Эзид мар — ӯро ёр бод,
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод.
Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле к — аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.
Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор,
Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод» дарҷ гардида ва низ мардуми тоҷик ба хотири эҳтироми фаровон эшонро «Ҳазрати Амирҷон» мегӯянд. Аз саропои ин мисраъҳо ваҳдату ҳамдилӣ, муросо ва гузашту бахшандагӣ бармеояд ва ормони ҳар яки мову шумо, ҳамчунин ормони волои тоҷикон сулҳу осоиштагӣ аст.
Неъматулло Эмомзода илова намуд, ки дар хазинаи Институти ховаршиносии Тоҷикистон 52 асар аз Мирсаид Алии Ҳамадонӣ маҳфуз аст ва бештари онҳо ба ҳуруфи сириллик баргардон шудаанд. Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, — афзуд сафир, — давлати Тоҷикистон ба Созмони илмӣ — фарҳангии Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО барои эъломи соли бузургдошти ин абармарди соҳаи илм дархост дод ва хушбахтона, бо ҳимояти бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон ин пешниҳод пазируфта шуд ва қарор аст дар соли 2015 маросими бузургдошти ин абармарди шинохта дар ҶТ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шавад.
Дар рӯзгори имрӯзаи мо омӯзиши осор ва таълифоти ӯ як амри зарурӣ ва муҳим ба шумор меравад.
Дар поёни ҳамоиш ба суханронон, аз ҷумла ба Сафири Тоҷикистон дар Эрон лавҳи тақдир бо акси Мирсаид Алии Ҳамадонӣ тақдим гардид.
Дар ин бора Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) хабар дод.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






