«Дастовардҳои иқтисодии Афғонистон»:намоишгоҳ
Душанбе, 07.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Рушди иқтисодии Афғонистон» — интизор меравад, ки таҳти чунин унвон моҳи ноябри соли равон дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии иқтисодии Афғонистон созмон дода шавад. Масъалаи мазкур дар ҷараёни мулоқоти Шариф Саид- раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо Абдулқодир Баҳман –ноиби мудири кулли Палатаи савдо ва саноати Афғонистон дар Душанбе матраҳ гардид.
Мавриди зикр аст, ки Афғонистон бо Тоҷикистон кишвари ҳамҷавор буда, дар соли 2013 гардиши мол байни ду давлат 174 миллион $ -ро ташкил дод, ки аз он 101 миллион $ содирот ва 73 миллион $ воридот мебошад. Дар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвари ҳамсоя Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва техникӣ нақши муҳим мебозад. Бо барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаҳои наздисарҳадии Ишкошим, Дарвоз, Панҷ, Ванҷ ва Хоруғ 5 пул бунёд карда шудааст, ки сохтмони ин иншоотҳои муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, хусусан гардиши мол байни Тоҷикистону Афғонистон саҳми босазо мегузоранд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






