Хатсайрҳои масири Душанбе -Истанбул меафзоянд

Октябрь 9, 2014 14:29

 
         Душанбе, 09.10.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Шурӯъ аз 31 октябри соли 2014 Ширкати ҳавопаймоии Туркия тасмим гирифтааст, ки теъдоди хатсайри Душанбе-Истанбул-Душанбе-ро то 3 маротиба дар 1 ҳафта зиёд намояд. 
      Аз Сафорати Туркия дар Душанбе ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки тасмими мазкур  имконият медиҳад  то шумораи парвозҳои мустақим аз Душанбе ба самти  Истанбул дар як ҳафта шаш маротиба сурат гирад. Парвозҳои мустақими тайёраҳо дар масири Душанбе — Истанбул рӯзҳои душанбе-панҷшанбе-шанбе аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Туркия ва рӯзҳои сешанбе-ҷумъа-якшанбе аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.  
            Нахустин парвози ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Туркия дар хатсайри Истанбул-Душанбе  рӯзи  ҷумъа, 31-уми октябри соли 2014 сурат хоҳад гирифт. Ҳавопаймо аз фурудгоҳи байналмилалии “Отатурк”-и Истанбул соати 20:35-и 31 октябр сурат гирифта, соати 4:30-и 1 ноябр дар майдони ҳавоии Душанбе фуруд меояд. 
      Интизор меравад, ки бо назардошти афзоиши теъдоди хатсайрҳо дар масири Душанбе-Истанбул -Душанбе ширкати ҳавопаймоии Туркия омодааст дар нархномаи чиптаҳояш  тағйирот ворид созад.
 

Октябрь 9, 2014 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад